15/08/2026
15.08.2026. н. Шоҳмансур
#ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ШАШКА ВА ШОҲМОТ БО УСУЛИ МАҲАЛЛА БО МАҲАЛЛА ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо МД “мактаби варзишии 1”-и ноҳия Шоҳмансур мусобиқаи шашка ва шоҳмот миёни наврасону ҷавонон ва сокинони ҳуҳуди ноҳия баргузор гардид.
15/08/2026
#ШОҲМАНСУР: «ВАРЗИШ — САРЧАШМАИ САЛОМАТӢ ВА НЕРӮМАНДӢ»
15.08.2026. н. Шоҳмансур
Субҳи имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, тибқи Нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва густариши оммавияти он бо иштироки ҷавонон ва сокинони ноҳия дар боғи фароғатии ба номи Алишер Навоӣ таҳти унвони «Варзиш — сарчашмаи саломатӣ ва нерӯмандӣ» машқи пагоҳирӯзӣ, солимгардонӣ ва роҳгарди доир карда шуд.
15/08/2026
15.08.2026. Н. СИНО
ЗЕБОӢ, ДОНОӢ ВА ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ
Таҳти ҳамин унвон субҳи имрӯз дар МД боғи фарҳангии Кӯли ҷавонон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҷалби сокинон аз ҷумла ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бахши кор бо чавонон ва варзиши нохия дар худуди нохия машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ва навъи варзишии Терренкур пиёдагардӣ бо ҷалби васеи роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроия, зерсохторҳои он, варзишгарону ҷавонони нохия баргузор гардид.
15/08/2026
: "МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ-РӮҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ"
Санаи 15 августи соли 2026 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ санаи 23 майи соли 2013 баён гардидааст, ки ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ "Рӯзи варзиш" эълон карда шавад, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои қатъии Пешвои муаззами миллат, ки санаи 17 июли соли 2025 дар Маҷлиси васеи ҲХДТ иброз намуданд, дар машқи пагоҳирӯзӣ иштироки ҳамаи масъулини соҳаҳо ҳатмист, ки дар доираи он аз ҷониби роҳбарият ва кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кормандони Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳал, КВД БАҶТ "Амонатбонк", Макази миллии тестӣ, муассисаҳои тандурустӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди ноҳия машқи пагоҳирузӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст" дар Боғи "Аҳмади Дониш" доир карда шуд.
Дар рафти машқи пагоҳирӯзӣ зиёда аз 40 нафар иштирок намуда, 15 нафарашонро бонувон ташкил доданд.
15/08/2026
#ФЛЕШМОБИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ МАН — ҶАШНИ ОЗОДИВУ САРБАЛАНДИЯТ МУБОРАК БОД!»
КУРЧИЕВ ШАҲБОЗ НЕГМАТУЛЛОЕВИЧ - МУОВИНИ РАИСИ ФИЛИАЛИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
35 СОЛ — 35 ИФТИХОР!
15/08/2026
#ФЛЕШМОБИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ МАН — ҶАШНИ ОЗОДИВУ САРБАЛАНДИЯТ МУБОРАК БОД!»
АСКАРЗОДА АСЛАМ АСКАР МУДИРИ БАХШИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
35 СОЛ — 35 ИФТИХОР!
15/08/2026
#ФЛЕШМОБИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ МАН — ҶАШНИ ОЗОДИВУ САРБАЛАНДИЯТ МУБОРАК БОД!»
БОБОХОНЗОДА РАҶАБАЛӢ ХАЙРУЛЛО - САРДОРИ РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
35 СОЛ — 35 ИФТИХОР!
15/08/2026
#ФЛЕШМОБИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ МАН — ҶАШНИ ОЗОДИВУ САРБАЛАНДИЯТ МУБОРАК БОД!»
ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД-
РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
35 СОЛ — 35 ИФТИХОР!
15/08/2026
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ВА ТЕРЕНКУР-ПИЁДАГАРДИИ САЛОМАТӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУИИ ТОҶИКИСТОН
15.08.2026. шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ санаи 23 майи соли 2013 баён гардидааст, ки ҳар рӯзи шамбе дар қаламравӣ ҷумҳурӣ «Рӯзи варзиш» элон карда шуда, бояд тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию вилояти ва шаҳриву ноҳиявӣ ҷалб карда шаванд.
Бо ин мақсад санаи 15 августи соли 2026 дар назди шаршараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандон, мураббиён ва машқварзони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ва дигар сокинони пойтахт, машқи пагоҳирӯзӣ ва терренкур – пиёдагардии салрматӣ доир карда шуд.
14/08/2026
МО ВАКОЛАТПАРВАРИ ПАНДИ БУЗУРГОНЕМ,
ТОҶИКИСТОНРО КАСЕ, КИ СОХТ, БО ОНЕМ!