08/09/2026
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ МУБОРАК, ХАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и Мақомоти Иҷроияи Хокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Сарвари муассиса, мӯҳтарам Саидзода С. С., тамоми ҳайати кориро бо ин рӯзи муқаддасу тақдирсоз самимона табрик намуда, иброз доштанд, ки ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи кишвар, оромӣ, субот ва тараққиёти соҳаи варзиш натиҷаи заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар доираи чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъол ва заҳматкаши муассиса, ки дар рушди соҳа ва пешрафти фаъолияти маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, Сипоснома ва Ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Истиқлолияти давлатӣ муборак ва ҳамеша ҷовидон бод, Тоҷикистони озоду обод! #Тоҷикистон #Истиқлолият #Душанбе #ҚасриТеннис #МаҷмааиВарзишииОбӣ ЭмомалӣРаҳмон Ватан Варзиш Tajikistan Dushanbe