Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш

Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш Саҳифаи мазкур барои тарғибу инъикоси ҳама гуна чорабиниҳои самти тарбияи ҷисмони ва варзиш сохта шудааст

 #ШАҲРИ Тянсзин     4 09 2026БОЗДИД ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАКТАБИ ВАРЗШИИИ ШАҲРИ ТЯНСЗИНСанаи 4 сентябри соли 20...
04/09/2026

#ШАҲРИ Тянсзин 4 09 2026

БОЗДИД ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАКТАБИ ВАРЗШИИИ ШАҲРИ ТЯНСЗИН

Санаи 4 сентябри соли 2026 дар шаҳри Тянсзин аз ҷониби намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ боздид аз "Мактаби варзишӣ" баргузор гардид.

Баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои варзишию ҷавонон ва таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Суратгузориш аз рафти чорабини футболи хурд байни деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бах...
04/09/2026

Суратгузориш аз рафти чорабини футболи хурд байни деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 35 солаги истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.

 #ШАҲРИ ПЕКИН      3 09 2026БОЗДИД ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ОСОРХОНАИ ЁДБУДИ ҶАНГИ МУҚОВИМАТИ ХАЛҚИИ ЧИН БА ЗИДДӢ Ҷ...
03/09/2026

#ШАҲРИ ПЕКИН 3 09 2026

БОЗДИД ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ОСОРХОНАИ ЁДБУДИ ҶАНГИ МУҚОВИМАТИ ХАЛҚИИ ЧИН БА ЗИДДӢ ҶОПОН ДАР ШАҲРИ ПЕКИН

Санаи 3 сентябри соли 2026 дар шаҳри Пекин аз ҷониби намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ боздид аз "Осорхонаи ёдбуди ҷанги муқовимат бар зиддӣ Ҷопон" баргузор гардид.

Баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои варзишию ҷавонон ва таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Суратгузориш аз рафти баргузории мусобиқаи дохилисинфӣ оид ба шоҳмот ва шашка  дар боғчаи хусусӣ “Ниҳоли Дониш” бахшида ...
03/09/2026

Суратгузориш аз рафти баргузории мусобиқаи дохилисинфӣ оид ба шоҳмот ва шашка дар боғчаи хусусӣ “Ниҳоли Дониш” бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии методисти Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оид ба шоҳмот ва шашка”-и шаҳри Душанбе - МАҲМУДЗОДА Мирзо

Имруз санаи 3-уми сентябри соли 2026-ум тибки накшаи чорабинихои Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхур...
03/09/2026

Имруз санаи 3-уми сентябри соли 2026-ум тибки накшаи чорабинихои Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхури Точикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ баргузори мусобикаи тенниси руи миз байни ташкилоту идорахо бо маром идома дорад дар ноҳияи Мастчоҳ

 #НҚУБОДИЁН-ОИД БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВОХӮРӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 0305 БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ШУҶОИ ВАТАН...
02/09/2026

#НҚУБОДИЁН-ОИД БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВОХӮРӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 0305 БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ШУҶОИ ВАТАН БАРГУЗОР ГАРДИД.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии самимӣ бо афсарону сарбозони шуҷои Ватан баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ аҳамияти хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон таъкид карда шуд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён ба афсарону сарбозон барои хизмати содиқона, ҷасорату матонат ва саҳми арзандаашон дар ҳифзи амнияту суботи кишвар изҳори сипос намуда, онҳоро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба як қатор афсарону сарбозон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ ва дар хизмати Ватан муваффақиятҳо орзу карда шуд.
Хизмати содиқона ба Ватан — қарзи шаҳрвандӣ ва мояи ифтихори ҳар як ҷавони ватандӯст аст!

ХИЗМАТ БА ВАТАН — ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТВатан барои ҳар як инсон муқаддастарин мафҳум ба ҳисоб меравад. Ватан сарзаминест, ...
02/09/2026

ХИЗМАТ БА ВАТАН — ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ
Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин мафҳум ба ҳисоб меравад. Ватан сарзаминест, ки инсон дар он ба дунё меояд, ба камол мерасад ва орзуву мақсадҳои худро амалӣ месозад. Муҳаббат ба Ватан аз эҳтироми таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии он оғоз меёбад.
Хизмат ба Ватан яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Барои ҷавонон бошад, ҳимояи марзу буми Ватан на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки нишонаи садоқат, ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ аст. Ҷавоне, ки бо ҳисси баланди масъулият ба хизмати ҳарбӣ меравад, дар роҳи ҳифзи сулҳу оромӣ ва амнияти давлат саҳми арзанда мегузорад.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дарк мекунанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳоянд. Мо бояд ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои пешрафту ободии Ватани азизамон саҳм гузорем. Хизмат ба Ватан танҳо бо гирифтани силоҳ маҳдуд намешавад. Хондани хуб, аз худ кардани дониш, касбомӯзӣ, риояи қонун, эҳтироми калонсолон ва саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа низ хизмат ба Ватан аст.
Мо — ҷавонон, бояд бо меҳру муҳаббат ба Модар-Ватан муносибат намуда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз талош намоем. Зеро ояндаи давлат дар дасти насли ҷавон аст. Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки Ватан ба фарзандони содиқ, донишманд, масъулиятшинос ва далер ниёз дорад.
Хизмат ба Ватан мактаби бузурги тарбия ва масъулиятшиносӣ мебошад. Он дар инсон ҳисси ватандӯстӣ, интизом, ҷасорат, матонат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд бо сари баланд ва эҳсоси ифтихор ба Ватан хизмат намояд.
Дар ҳақиқат, «Хизмат ба Ватан — шарафи ҷавонмардист». Мо ҷавонон бояд бо амалу рафтори нек, донишандӯзӣ, меҳнати созанда ва садоқати худ исбот намоем, ки барои ҳифзу ободии Модар-Ватан ҳамеша омода ҳастем.
Бигзор муҳаббат ба Ватан дар қалби ҳар як ҷавон ҳамеша ҷовидон бошад ва мо барои сулҳу субот, пешрафт ва ободии Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзандаи худро гузорем.

Қурбонова Мавзуна Гирандаи Стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Зафаробод

Имруз санаи 31-уми августи соли 2026-ум тибки накшаи чорабинихои Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхур...
02/09/2026

Имруз санаи 31-уми августи соли 2026-ум тибки накшаи чорабинихои Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхури Точикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ баргузори шашка ва шохмот байни махал бо махал ва деҳа ба деҳа бо маром идома дорад дар ноҳияи Мастчоҳ

Имруз санаи 2-уми сентябри соли 2026-ум тибки накшаи чорабинихои Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхур...
02/09/2026

Имруз санаи 2-уми сентябри соли 2026-ум тибки накшаи чорабинихои Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхури Точикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ баргузори мусобикаи футболи хурд байни махал бо махал ва деҳа ба деҳа бо маром идома дорад дар ноҳияи Мастчоҳ

Н.Ҷ. Расулов БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ШОҲМОТУ ШАШКА БАЙНИ ҶАВОНОНИ ДЕҲАВУ МАҲАЛЛАҲОИ АҲОЛИНИШИНИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУ...
02/09/2026

Н.Ҷ. Расулов

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ШОҲМОТУ ШАШКА БАЙНИ ҶАВОНОНИ ДЕҲАВУ МАҲАЛЛАҲОИ АҲОЛИНИШИНИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ДАВРИ МАҲАЛЛӢ .

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.РАСУЛОВ мусобиқаи варзишии шоҳмоту шашка байни деҳаҳои ноҳия бо маром идома дорад.

Address

Dushanbe
Dushanbe

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category