03/10/2026
#ШОҲМАНСУР: «ВАРЗИШ — САРЧАШМАИ САЛОМАТӢ ВА НЕРӮМАНДӢ»
03.10.2026. н. Шоҳмансур
Субҳи имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, тибқи Нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва густариши оммавияти он бо иштироки ҷавонон ва сокинони ноҳия дар боғи фароғатии ба номи Алишер Навоӣ таҳти унвони «Варзиш — сарчашмаи саломатӣ ва нерӯмандӣ» машқи пагоҳирӯзӣ, солимгардонӣ ва роҳгарди доир карда шуд.