30/06/2026
Хониши сиеси. Тахлил ва мухокимаи чоизадорони мусобикаи Осие байни наврасони то 15 сола. Корбари аз руи камбудихо.
30 июни 2026 сол
Спорт
30/06/2026
Хониши сиеси. Тахлил ва мухокимаи чоизадорони мусобикаи Осие байни наврасони то 15 сола. Корбари аз руи камбудихо.
30 июни 2026 сол
28/06/2026
Хушхабар дар шаҳри Паттайяи давлатии Тайланд Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ румӣ баргузор гардид, ки дар он варзишгарони муассиса низ иштирок намуд ва дар натиҷа
Урунов Мирзоабубакр - дар вазни 44 кг, ҷойи 3-юм ва Қурбонов Амриддин - дар вазни 62 кг, ҷойи 2-юм сазовор гардиданд.
27/06/2026
Тибки баркияи Макомоти ичроияи Хокимияти давлатии вилояти Сугд 27 июни 2026 сол дар тамоми корхонаю идорахо.ташкилотхою муассисахо хашари тозагиву ободони ва баровардани партовхо ба рох монда шуд. Кормандони МД ММВ оид ба намудхои гуштини шахри Хучанд
26/06/2026
Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
26.06.2026
https://president.tj/event/news/56013
Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.
Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад. Қатънома хотирнишон месозад, ки ин таҷрибаҳои миллӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунад.
Илова бар ин, дар қатънома аз уҳдадориҳои зимни Саммити оянда дар соли 2024 қабулшуда, инчунин аз қабули "Паймони оянда", ки дар он кишварҳои узв баҳри тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда уҳдадор шудаанд, истиқбол карда мешавад. Дар он инчунин таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, хусусан талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор истиқбол карда мешавад.
Қатънома аз Дабири Кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дархост менамояд, ки ҷиҳати татбиқи Даҳсола дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кунанд. Аз давлатҳои узв, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҷиҳати дастгирии татбиқи Даҳсола, аз ҷумла табодули таҷрибаву дониш даъват ба амал оварда шудааст.
Шоёни зикр аст, ки қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он бешак аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.
Гузашта аз ин, иқдоми мазкур аз сӯи шахсияте ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлате, ки мардумонаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, амри саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #ҚатъномаиСММ #РезолюцияООН
26/06/2026
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ
26.06.2026
https://president.tj/event/news/56005
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.
Дирӯз ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ мардуми сулҳпарвари кишварро самимона табрик мегӯям.
Ҳамчунин, ба ҳамаи кишварҳои дӯст, шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, ки пешниҳоди Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карданд ва ба қабули ин қатъномаи муҳимми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд, сипоси амиқ иброз менамоям.
Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.
Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.
Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.
Сулҳ фарҳанг аст.
Сулҳ масъулият аст.
Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.
Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.
Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад.
Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд.
Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо аз роҳи муколама ва ҳамкории созанда имконпазир аст.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Барои Тоҷикистон мавзӯи сулҳ танҳо як масъалаи рӯзномаи байналмилалӣ нест.
Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз кардаанд ва гиромӣ доштаанд.
Бояд гуфт, ки кишвари мо дар солҳои аввали истиқлол бо доштани чунин арзишҳои бузурги меросӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Ин ҷанг ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди умумии давлатамон зарбаи даҳшатнок ворид кард.
Вале мо ба шарофати хиради миллӣ ва фарҳанги сулҳпарваронаи мардумамон тавонистем аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, раванди давлатсозии муосирро оғоз намоем.
Дар натиҷаи саъю талошҳои зиёд сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар диёри мо барқарор гардид ва ба пояи асосии рушди минбаъдаи кишвар табдил ёфт.
Яъне сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсие, ки имрӯз дар кишвари мо ҳукмфармост, ба осонӣ ба даст наомадааст.
Пешрафт дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ, илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, инчунин, нақши фаъол дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла рӯзномаи байналмилалии об ва ҳифзи пиряхҳо дастовардҳое мебошанд, ки ба мо аз баракати сулҳу субот муяссар гардиданд.
Қобили зикр аст, ки сарчашмаи пешравӣ ва ташаббусҳои мо арзишҳо ва анъанаҳои деринаи ҳамзистии осоишта мебошанд, ки дар ҷомеаи тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ташаккул ёфтаанд.
Сарзамине, ки дар марзи фарҳангҳо, забонҳо ва анъанаҳои гуногун қарор дошт, дар тӯли замон ба чорроҳаи ҳамзистиву ҳамкорӣ, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва урфу одатҳои ҳамдигар табдил ёфт.
Маҳз ҳамин мероси ғании фарҳангӣ, ки дар домани тамаддуни ориёӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз барои пешбурди ташаббусҳои сулҳофарини Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар ин замина, бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳамфикр соли гузашта дар Конфронси генералии ЮНЕСКО қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии хуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид, ки аз решаҳои амиқи таърихии арзишҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар тамаддуни бостонии аҷдоди мо гувоҳӣ медиҳад.
Мусаллам аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дигар мардумони форсизабон дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд.
Заминагузорони ин ганҷинаи ниҳоят арзишманд олимону файласуфон, шоирону нависандагон ва мутафаккироне буданд, ки мероси нодиру камназири онҳо аз василаҳои пешбарандаи илму фарҳанги инсоният маҳсуб меёбад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои хотирмон мову шумо, ҳамчунин, дар арафаи боз як ҷашни дигар – Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ мебошад, қарор дорем.
Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн низ самимона табрик мегӯям.
Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки рамзи пирӯзии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва кафолати рушди бесобиқаи кишварамон мебошад, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузург ва муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.
Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаи воқеан сарнавиштсози баҳамоиву сарҷамъии миллати тоҷик ва расидан ба сулҳу суботи пойдор мебошад.
Мо – мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк кардем, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем.
Бинобар ин, мардуми мо даҳшату фоҷеаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми таърихиву тақдирсози Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.
Маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон заминаи боэътимоди ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистони тозаистиқлол гузошта шуд.
Ваҳдати миллӣ, ки ғояи асосии давлати навбунёди моро ташкил медиҳад, шарти асосии оромиву осоиши мардуми шарифи кишвар, муҳимтарин омили рушди ҷомеа ва амалӣ гардидани тамоми нақшаву тадбирҳои созандаи мо мебошад.
Имрӯз мо ба хотири бунёди ҷомеаи сифатан наве талош дорем, ки ба талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳо ҷавобгӯ бошад ва имкон диҳад, ки мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон баробари ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадам гузоранд ва пеш раванд.
Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва махсусан наврасону ҷавонон, омӯзиши техникаву технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем.
Дар ин раванд, як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати аҳли ҷомеа муҳимтарин роҳи пешгирӣ кардани ҷаҳолату хурофот, таҳкими амнияту субот ва таъмин намудани пешрафту тараққиёти давлат мебошад.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек ба мо, пеш аз ҳама ва муҳимтар аз ҳама, сулҳу амният, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ зарур аст.
Дар робита ба ин, таъкид мекунам, ки хусусан дар шароити пурихтилофу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии миллӣ аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» моро водор месозад, ки ба оянда бо масъулияти бештар назар кунем.
Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем.
Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад.
Мо ният дорем, ки соли оянда дар арафаи 30-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ба мақсади оғоз бахшидан ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем.
Бо итминони комил иброз медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба қадру манзалати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо, ки амалӣ гардидани нияту орзуҳои неки ҳар як фарди ҷомеа аз он вобаста мебошад, боз ҳам бештар талош мекунанд.
Бо умеди ояндаи ободу осудаи Тоҷикистони азиз ҳамаи шумо – ҳамдиёрони гиромӣ ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бори дигар ба ифтихори қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва ҷашни фархундаи Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу саодат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Бигзор, ин қатънома ҳамчун санади муҳимми байналмилалӣ ба таҳкими дӯстиву ҳамкории байни халқҳо, густариши фарҳанги сулҳ ва бунёди ҷаҳони амну осуда барои наслҳои имрӯзу оянда мусоидат намояд!
Бигзор, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон ҳамеша пойдор бошад ва ояндаи башарият бар пояи адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ устувор гардад!
Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси сулҳҷӯёнаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #ВаҳдатиМиллӣ #НациональноеЕдинство
09/06/2026
Хониши сиеси. Даровардани ислохот ба чадвали машгулиятхои мураббиен. Корбари аз руи камбудихои чойдошта.
9 июни 2026 сол
01/06/2026
1 июн Рузи хифзи кудакон 2026 сол. Наврузгох. МД ММВ оид ба намудхои гуштини ш. Хучанд
26/05/2026
Хониши сиеси. Хисоботи мусобикахои гузашта. Тахлил ва мухокимаи Рузи чавонони Точикистон ва чахони гаштани футбол 26майи 2026 ш. Хучанд
18/05/2026
Мусобикаи дохили мактаби оид ба гуштини тарзи озод байни наврасони соли таваллудашон 2010..2013 ва 2014 .2016 бахшида ба 35 солагии давлатии Чумхурии Точикистон ва Рузи Чавонони ЧТ. 16..17 майи 2026с.ш. Хучанд
16/05/2026
“САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — САРВАТИ БЕБАҲОСТ”
Санаи 16-уми майи соли 2026 тибқи супориши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд кормандон ва мураббиёни Муассиса дар машқи пагоҳирӯзӣ, терренкур ва роҳгарди солимгардонӣ таҳти унвони «Саломатии миллат — сарвати бебаҳост» фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатии ҷомеа, рушди фарҳанги ҷисмонӣ ва ҷалби бештари ҷавонону варзишгарон ба машқу тамринҳои мунтазам баргузор гардида, иштирокчиён бо рӯҳияи баланд ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар он саҳм гузоштанд.
Иштирок дар чунин иқдомҳои солимгардонӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ, таҳкими ирода ва ташаккули зиндагии фаъолу солим мусоидат намуда, дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши муҳим мебозад.