fcregartadazofficial

fcregartadazofficial

Share

Футбольный клуб
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде). Football club Regar Tadaz (Tursunzade)

23/11/2024

ДЕРБИИ ВОДИИ ҲИСОР: «РЕГАР-ТАДАЗ» - «БАРҚЧӢ»

🏆 Чемпионати Тоҷикистон-2024
⚽️ Лигаи олӣ-2024. Даври 18-ум
📅 24 ноябр | якшанбе
⌚️ Оғоз - соати 14:30
«Регар-ТадАЗ» 🆚 «Барқчӣ»
🏟 ш.Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

22/11/2024

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, ҶОЗЕФ!

Имрӯз нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ» Ҷозеф Феумба зодрӯзашро ҷашн мегирад!
Ба соҳибҷашн саломатии бардавом, хушбахтӣ, комёбиҳои варзишӣ ва фаъолияти дуру дароз ва дурахшонро дар ҳайати даста таманно менамоем!

С Днем рождения, Чозеф!
Сегодня свой День рождения празднует полузащитник «Регар ТадАЗа» Ҷозеф Феумба!

Желаем отличной спортивной формы, доброго здравия, отсутствия травм, счастья, бодрости духа и удачи!

22/11/2024

МУҲТАРАМ, ШЕРАЛӢ КАБИР!

Дар рӯзи мубораки мелодатон таманнои шукуфоии тамоми орзуҳои нек, хушбахтӣ, амалигардии ҳар як нақшаи ҷадидатонро дорем.

Ба Шумо саломатӣ, нерумандӣ ва хушрӯзӣ орзумандем. Бигузор ҷодаи ҳаёт ва фаъолиятатон саршори некиҳо, барору пирӯзӣ ва ҳама гуна неъматҳо бошад.

Зодрӯзатон фарруху ҳумоюн бод, муҳтарам Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо иродат ва таманниёти нек, коллективи клуби футболи
“Регар-ТадАЗ”.

20/11/2024

МУСОВӢ ДАР ДУШАНБЕ БО "ИСТИҚЛОЛ"

20 ноябр бозии мавқуфмондаи даври 17-уми Лигаи олии Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои "Истиқлол" ва "Регар-ТадАЗ" сурат гирифт. Бозӣ бо ҳисоби 0-0 мусовӣ хотима ёфт.

"Регар-ТадАЗ" бозии ояндаи худро рӯзи 24-уми ноябр бо "Барқчӣ" дар "ТАЛКО-Арена" доир мекунад.

20/11/2024

Ҳайати асосии "Регар-ТадАЗ" барои бозӣ бо "Истиқлол" дар даври 17-уми Лигаи олӣ-2024

20/11/2024

РАҚОБАТИ 4-УМ ДАР МАВСИМ: "ИСТИҚЛОЛ" - "РЕГАР-ТАДАЗ"

🏆 Чемпионати Тоҷикистон-2024
⚽️ Лигаи олӣ-2024. Даври 17-ум
📅 20 ноябр | чоршанбе
⌚️ Оғоз - соати 14:30
"Истиқлол" 🆚 "Регар-ТадАЗ"
🏟 ш.Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
📺 Пахши мустақим дар телевизиони "Футбол"

Photos from fcregartadazofficial's post 18/11/2024

ВИЗИТ ЧЕМПИОНОВ В ШКОЛУ И ВСТРЕЧА С ЮНЫМИ ФУТБОЛИСТАМИ

16 ноября, в День Президента Республики Таджикистан, по приглашению руководства русской школы имени Д.И. Менделеева в городе Турсунзаде ее посетили тренеры и футболисты команды «Регар-ТадАЗ» и провели практические занятия с учащимися 3-4 классов.

В ходе встречи со учениками было отмечено, что команда «Регар-ТадАЗ» является одним из самых титулованных клубов Таджикистана и Центральной Азии, команда является 7-кратным чемпионом Чемпионата Таджикистана, 7-кратным победителем Кубка Таджикистана, 3-кратный обладатель Кубка Президента АФК, 3-кратный обладатель Кубка ФФТ и ряда других наград. Также было отмечено, что после победы в финале Кубка Таджикистана-2024 ФК «Регар-ТадАЗ» сумел завоевать путёвку в во 2-й Лиге Чемпионов Азии.

Также наши футболисты посетили учебно-тренировочный корпус и спортивный зал школы, а также провели вместе с учениками несколько футбольных упражнений. В конце они сфотографировались со учениками и дали им автограф.

16/11/2024

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУМОЮН БОД!

Ҳамватанони азиз!

Аҳли коллективи клуби футболи "Регар-ТадАЗ" ҳамаи шуморо бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯяд.

Бигзор сулҳу субот, амнияту ваҳдати миллӣ ҳукмфармои ҷомеаи мо – тоҷикон бошад!

Бо Пешвои миллати худ ифтихор дорем!

15/11/2024

БОЗИИ НАВБАТӢ МИЁНИ ДУ ДАСТАИ СЕРҶОИЗАТАРИНИ ТОҶИКИСТОН: "ИСТИҚЛОЛ" - "РЕГАР-ТАДАЗ"

🏆 Чемпионати Тоҷикистон-2024
⚽️ Лигаи олӣ-2024. Даври 17-ум
📅 20 ноябр | чоршанбе
⌚️ Оғоз - соати 14:30
"Истиқлол" 🆚 "Регар-ТадАЗ"
🏟 ш.Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

13/11/2024

СЕ ФУТБОЛБОЗИ "РЕГАР-ТАДАЗ" ДАР ҲАЙАТИ РАМЗИИ ДАВРИ 22-ЮМ

Шоми 12-уми ноябри соли 2024, таҳиягарони барномаи "90 дақиқа"-и телевизиони "Варзиш" пас аз таҳлилу баррасии рақобатҳои даври 22-юми Лигаи олии Тоҷикистон-2024, ҳайати рамзии даврро муайян карданд.

Ба ҳайати рамзии давр дар баробари бозигарон аз дастаҳои дигар, се футболбози дастаи "Регар-ТадАЗ" - ниммуҳофизатгарон Шуҳрат Элмуродов, Шерзод Маҳмадиев ва ҳамлагар Квадво Фримпонг низ, дохил шуданд.

Аҳсант, ба шумо! Муваффақиятҳои нав ба нав насибатон бод!

11/11/2024

Ҷадвали Лигаи олӣ-2024 пас аз даври 22-юм

10/11/2024

ПИРӮЗӢ БАР "ИСТАРАВШАН" ДАР ХОНА

Дастаи "Регар-ТадАЗ" дар бозии даври 22-юми Лигаи олии Тоҷикистон-2024 бар дастаи "Истаравшан" дар хонаи худ бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуд. Голҳои дастаро Квадво Фримпонг дар дақиқаи 53 ва Шуҳрат Элмуродов дар дақиқаи 65 ба ҳадаф расониданд.

Дар бораи тақвими бозиҳои мавқуфмондаи "Регар-ТадАЗ" рӯзҳои наздик маълумот медиҳем.

Want your business to be the top-listed Gym/sports Facility in Tursunzoda?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address

15, Tursunzade, Tajikistan, Tursunzoda, 735000
Tursunzoda

Opening Hours

Monday 07:00 - 20:00
Tuesday 07:00 - 20:00
Wednesday 07:00 - 20:00
Thursday 07:00 - 20:00
Friday 07:00 - 20:00
Saturday 07:00 - 20:00