Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

Share

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳи

07/09/2022

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА 31 – УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон дар остони таҷлили 31- умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ - иди муқаддаси миллӣ қарор дорад. Ба ин ифтихор тамоми варзишгарону собиқадорони соҳа ва кулли мардуми сарбаланду фарҳангсолорӣ тоҷикро самимона шодбош мегӯям.
Имрӯз мардуми тоҷик худро хурсанду хушбхт аз он меҳисобанд, ки тавассути саъю кушиш ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдати комил пойдор гашта, мардуми кишвар 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро бо шукуҳу шаҳомати хос ва дастовардҳои бузурги меҳнатӣ таҷлил мекунанд.
Дар давоми 31 соли соҳибистиқлоли соҳаи варзиш ба таври бесобиқа рушд карда, варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро борҳо парафшон намуда, шарафи кишвари моро дар ҷаҳон ҳифз намуданд.
Самараи неки истиқлолият аст, ки Тоҷикистон дар ақсои олам чун давлати сулҳпарвар шинохта шудааст. Бигузор, азму иродаи шикастнопазир ва нерӯи офарандаи миллати тоҷик моро бозҳам ба сӯи кору пайкорҳои созанда ва фатҳу комёбиҳои тоза ҳидоят намояд. Иди муқаддаси Меҳан – Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар фарди соҳибдилу озодаандеши кишвар бахту саодат, зиндагии ободу осуда, комёбӣ ва бурдбориҳо оварад. Бигузор парчами давлатии мо дар фазои сарзамини аҷдодиамон то абад парафшон бошад.
Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Ректори донишкадаи табияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор – Сафаров Ш. А

10/08/2022

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ С. РАҲИМОВ ШОДӢ САФАРОВ БАХШИДА " РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН "
Варзишгарони гиромӣ, собиқадорон ва мураббиёни варзиш, мухлисон ва дӯстдорони варзиш.
Ҳамаи Шуморо бо " РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН"
самимона табрик мегӯям.
Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш дар маркази таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузорони сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат қарор гирифт. Соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат пазируфта шуд. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба варзиш аст, ки сол то сол дастовардҳои варзишгарону мураббиёни тоҷик меафзояд. Мо бо ифтихор мегуем, ки варзишгарони тоҷик на танҳо пешбарандаи соҳа, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати тоҷик ҳастанд.
Рушди варзиши мо ба замони истиқлолияти давлатӣ алоқаманд аст. Ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Сарвари давлат ба соҳаи варзиш аст, ки 10 - уми августро дар кишвар ҳамчун Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон эълон намуданд. Имрӯз варзишгарону мураббиёни мо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҷавобан ба таваҷҷӯҳу ғамхорие, ки нисбати онҳо зоҳир мегардад, талош меварзанд, ки бо дастовардҳои назаррасу кобили таҳсину ифтихор Парчами давлатиро баланд бардоранд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо дар самти варзиш аст, ки рӯз аз рӯз обрӯю нӯфузи ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ даҳҳо маротиба боло рафта истодааст.
Дар мавриди аҳамият, нақш ва макому манзалати варзиш дар ҷомеа ҷанбаҳои тарихии муносибати мардуми тоҷик ба он, дастоварду навгониҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ рисолати ягона боргоҳи олии таълимии варзишӣ ДТҶТ ба номи С. РАҲИМОВ ки аз таъсисбахшии он ним аср сипари гардид, назаррас мебошад.
Бо сарфарози бояд зикр созем, ки донишкада фаъолияташро тавсеа бахшида, ба як маркази бузурги омода намудани варзишгарони касбӣ, таёр намудани омӯзгорон, мураббиён, доварон мубаддал гаштааст.
Дастпарварони донишкада дар кувваозмоиҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилалӣ минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз рӯйи аксари намудҳои варзишие, ки ҳамчун дастаи мунтахаби Тоҷикистон сафарбар карда, мешаванд, афзалият доранд.
Инҷо мехоҳам кайд намоям, ки сокинони кишвар ,ба хусус, насли наврасу ҷавононамон аз шароити муҳаё гашта самаранок истифода бурда истодаанд. Имрӯз қариб дар ҳар гушаи шарҳу ноҳия дар ҳар маҳал толору майдончаҳои варзишӣ бунёд гардидааст.
Даврони истиқлол як саҳифаи дурахшон, рӯҳу равони тоза ва нерую тавони нав дар тарихи инкишофи донишкада гардид дар ҳамин замина дастоварду натиҷаҳои варзишии мамлакат, ба хусус, нишондиандаҳои варзишгарони донишкада як чанд маротиба боло рафт.
Бешак, ин гуфтаҳо насли имрӯза, ба хусус ҷавононро водорӯ огоҳ месозанд, ки хушёрии сиёсӣ ва зираки миллиро аз даст надиҳанд. Соҳиб фарҳангу ватандӯст ва шукургузор бошанд, ки дар чунин як диёри озоду сарсабаз зиндагӣ мекунанд. Шукургузори ҳамеша моро ба мурод мерасонад.
Имрӯз ҳайати профессорону устодони донишкада нақшаҳои зиёде доранд, то дар пешрафти соҳаи варзиши ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоранд. Бори дигар аҳли варзиш собиқадорони соҳа, устодону мураббиёни ин боргоҳи шуҳратёрро ба ифтихори рӯзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, барояшон пирӯзиҳои нав ба нав тамано менамоям.

26/07/2022

Ҳизби террористии дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуи наҳзати исломӣ дар Россия “созмони террористӣ” эълон мешавад
Додситони кулли Россия тасмим дорад, ки ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуи наҳзати исломиро дар қаламрави ин кишвар фаъолияташро “созмони террористӣ” эълон кунад.
Дар ин бора Телеграм канали Додситони кулли Россия бо такя ба проркурори генералии ин кишвар Игор Краснов иттилоъ медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад ва 25 июли соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Прокурори генералии ФР ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таҳдиду хатарҳои муосир ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин зимн, Телеграм канали Додситони кулли Россия иттилоъ медиҳад, ки прокурори генералии ин кишвар дархости прокурори генералии Тоҷикистонро дар мавриди “ҳизби террористӣ” эълон намудани ташкилоти террористии наҳзати исломӣ баррасӣ намуда, онро ба Додгоҳи олии ин кишвар пешниҳод кардааст.
Дар қаламрави Федератсияи Россия “созмони террористӣ” эълон намудани ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуи наҳзати исломӣ бори дигар парда аз рӯи амал ва кирдорҳои ҷинояткоронаи саркардагони ин ҳизб бардошт ва бори дигар исбот намуд, ки воқеан ҳам ин ҳизб аз аввали таъсисёбӣ ҳизби террористӣ буд.
Албатта, аён аст, ки Федератсияи Россия яке аз давлатҳои пурқудрати ҷаҳон маҳсуб меёбад ва аз ҷониби ингуна давлати абарқудрат “созмони террористӣ” эълон намудани ҳизби террористии наҳзати исломӣ ба қавле “ҳамту” рӯи кор наомадааст ва нишон медиҳад, ки кишварҳои мутараққии олам имрӯзҳо симои аслӣ ва воқеии ин ташкилоти террористиро дар ҳоли шинохтан қарор доранд.
Ба андешаи мо, кулли сокинони Тоҷикистон аз ин иқдоми Додситони кулли Федератсияи Россия дар мавриди созмони террористии наҳзати исломии Тоҷикистонро дар ин кишвар “созмони террористӣ” эълон намудан якдилона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва хоҳони он ҳастанд, ки ин ташкилоти террористӣ дар дигар кишварҳои абарқудрат, ки ҳоло роҳбарон ва аъзоёнаш онҷо дар пушти хоҷагони хориҷияшон пинҳон шудаанд, низ “созмони террористӣ” эълон гардад.
Шахсан мо устодони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов аз ин ташаббуси Прокуратураи генералии ФР хеле шод шудем ва умедворем, ки он ҳарчӣ зудтар амалӣ карда мешавад.
Албатта, ҳарчанд аз замони оғози фаъолияташ то имрӯз ин ҳизби террористӣ боиси гумроҳии садҳо ҷавонони ноогоҳ, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта гардида, боиси талафоти зиёди инсонҳо ва хисороти бешумори иқтисодӣ гардидааст. Ва мусаллам аст, ки ҳадафи таъсиси ин ҳизб ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ, соҳиб шудани ҳокимият ба таври ғайриқонунӣ, хизмат ба хоҷагони хориҷӣ ва дар ин замина ба нобудӣ расонидани миллати тоҷик буд.
Бинобар ин, ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, ки пеши роҳи ин ҳизби террористӣ гирифта шавад, то минбаъд дигар ҷавонони бечораи тоҷикро гумроҳ насозад ва ҳаёти онҳоро насӯзонад. Ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, ки тамоми амалу кирдорҳои террористии ин ҳизб пурра ошкор карда шавад, то ҷомеаи ҷаҳонӣ симои аслии онро бишносад.
Вақти он расидааст, ки дигар давлатҳои абарқудрати олам низ ташкилоти террористии наҳзати исломии Тоҷикистонро низ “созмони террористӣ” эълон намоянд.
Як гурӯҳ устодони Донишкадаи тарбияи
ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

28/06/2022

Мақоми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С РАҲИМОВ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон

Истиқлолияту сулҳ ва ваҳдат вожаҳои муқаддас ва дастовардҳои бебаҳо, рукнҳои бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагии он дар ҳамаи давру замонҳо будааст.
Таърих исбот намудааст,ки вожаҳои сулҳу ваҳдат дустиву ҳамдигафаҳмӣ барои тамоми халқияту миллатҳо писандида будааст.

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти, ҷомеа,ки 25 сол муқаддам ба имзо расида буд, ифодагари хиради азалии халқи тоҷик буда, диққати одамони кишварҳои гуногун ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқиро ба худ ҷалб намуда ,барои истифода дар минтақаҳои гуногуни олам тавсия шудааст.

Муҳимияти ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллиро дар фаъолияти мардуми тоҷик таъкид намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии ҶТ иброз доштанд:-"Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати милли, барои пешрафту ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем."

Ин таъкидҳо ба тамоми мардуми Тоҷикистон аз ҷумла ба кормандони соҳаи маориф бештар нигаронида шудаанд. Ваҳдати миллии мо, арзиши таърихиион қимати садсолаҳо дорад.

Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз намуданд:"Ваҳдати миллӣ асоси оромиюу осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Пайомадҳои ҳамин саъю талошҳои шабонарӯзист,ки дар Тоҷикистон и соҳибистиқлол сулҳу ороми ваҳдату ягонагӣ руҳияи созандагию бунёдкорӣ ҳукмфармост.

Миллати тоҷик худро шинохт ва имрӯз парчами зафар болоисар бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ва музаффариятҳои бадаст овардааш Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Дастовардҳои бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолияти давлати барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ,таҳкими худшиносиву худогоҳӣ болоравии ҳисси ватандустиву ватандорӣ дар миёни тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон аст ,ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми тоҷик муяссар гардид. Соҳаи маориф ҳам,ки ифодагари манфиату нуктаи назари намояндагии табақаҳои гуногуни он мебошад,чун оина ҳамаи таҳаввулотҳои амалигардии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ,қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи маориф мутахассисони баландпоя ба меъёрҳои талаботи ҷаҳонии бозори меҳнат ҷавобгӯ мав қеи муҳимро ишғол менамоянд.Ингуна мутахассисонро Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов тайёр менамояд.

Таърихи 50-солаи донишкада як саҳфаи пурҷилою пурмазмуни рушди маорифу варзиши ҷумҳуриявӣ дар тӯли солҳои фаъолиятияташ зиёда аз 35-ҳазор мутахассисро тарбия ва барои фаъолият ба таълиму тарбияи насли наврас сафарбар карда, айни замон аз18- ихтисос мутахассисомода менамояд.

Шукри беадад,пас аз ваҳдати миллӣ донишкада ба як қатор дастовардҳои назаррас таълимӣ, услубӣ варзишӣ,ва илмию фарҳангии тарбиявӣ ноил гардида,ҷиҳати амалигардонии барномаҳо,стратегияҳо ва дигар санадҳои меъёрҳои соҳаи маориф ва варзишу тарбияи ҷисмонӣ ҳамчун мутахассисии такягоҳӣфаъолият карда,дар таҳияи китобу дастурҳоидарсӣ,барномаҳои таълимию илмӣ ва дигар маводди таълимӣ ва илмӣ корҳои назаррасро дар ҷумҳурӣ ба сомон расондааст. Аҳли донишкада тамоми нерӯи зеҳни ва малакаи касбии хешро ҷиҳати иҷрои таъкидҳои Сарвари давлат ,барномаҳои рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ,баҳри ҷорӣ намудани дастовардҳои илмии технологияи инноватсионӣ равона менамояд.Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада асолати таърихии хешро давом кардаанд,рушди маорифу варзиш сарчашмаимуҳими баландшавии сатҳи маънавият ва маърифати мардум ва пешрафти ҷомеа мебошанд.

Ҷараёни таълим тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Донишкада дар баробари ин ки дар ҷумҳурӣ ягона мактаби олии варзиш аст,дар як вақт яке аз марказҳои боэътимоди илмӣ низ ба шумор меравад. Ҳоло донишкада бо 60-муассисаи таҳсилоти олии касбӣ,3о-мамлакати хориҷӣ дар самти илму таълиму варзиш созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Барномаи рушди давлатии донишкада таҳия шудааст ,ки дар он аз ҷумла омадааст:таъминоти донишкада батаҷҳизоти компютериюэлектронӣ зина ба зина амалӣ мешавад. Толору майдонҳои замонавӣ кабинетҳои фаннӣ таъсис дода шуда,азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии дигар озмоишгоҳҳо идома меёбад.
Мо мекушем, ки донишҷуёни мо мутахассисони варзида ва эҳҳёгари Ватани соҳибистиқлол шаванд.
Ҳама дастоварду комёбиҳои мо самараи ваҳдату якпорчагист.
Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ин масъулияти бузурги ватандориро ба хубӣ дарк намуда,дар шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда доранд. Вазъи имрӯза тақозо мекунад, ки омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии хеш кӯшиш зиёд ба харҷ диҳанд.

Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз файзи ваҳдати милли ва якдилист ва Эмомалӣ Раҳмон меъмори асосии сулҳи тоҷикон аст ва мо аз он шукргузорем.

Дар амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳу ваҳдати милли саҳми Донишкадаи тарбияи уҷисмонии Тоҷикистон назаррас буда метавонад. Барои ин донишкадаро зарур аст ки дар партави руҳафзои Истиқлолияту фазои сулҳу ваҳдат дар ҷумҳуриямон ҳамаи захираю имкониятҳоро барои боло бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии хатмкунандагон ,баро тарбияи насли ватандӯсту созанда ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мардуми шарифи Тоҷикистон сафарбар намояд ва баҳри ба даст овардани Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳуриямон саҳми арзанда гузорад.

Мирзобоқи Шарипов, мушовири ректори
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

24/02/2022

ПЕШВОИ ХИРАДМАНД ВА ОЯНДАБИН

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо кушишу ғайратҳое карда истодаанд то ки Тоҷикистонро аз ҳар ҷиҳат ободу зебо намуда, ба қатори мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон бароранд. Давлати мо бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавонист мардумро ба ҳамдилӣ, сулҳу ваҳдат даъват карда, ба ободкориву созандагӣ шуруъ кунад. Ин абармард ба қасами худ содиқ монд ва ба нияти некаш ба сулҳу осоиш ноил шуд. Давлат ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт, дар мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ ба амал бароварда шуд. Дар ин росто дар мамлакат садҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд ва садҳо ҳазор одам ба ҷои кор таъмин шуданд.

Кишвари мо бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тайи 30-соли истиқлолият дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ шуд. Рукнҳои асосии давлатдориро устувор гардонид. Қабул шудани Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боло рафтани эътибори байналмилалии давлат гардид. Кишвари мо бо аксари мамлакатҳои дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард. Ва инак аз баракати ин марди бузург миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад. Ва низ ҳақиқат аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар кутоҳтарин муддати таърихӣ мамлакатро ба босуботтарин давлати минтақа табдил созад. Ин дастовардҳоро ки бо заҳмату талошҳои созандаи Пешвои миллат ба даст омадаанд, тамоми дунё эътироф мекунад ва офарин мехонад, ки мо низ аз он ифтихор мекунем. Ҳамин аст, ки имруз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро як кишвари ислоҳотгар ва давлати дар ҳоли рушд эътироф кадааст. Тадбирҳоеро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими истиқлолият ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон кардаанд, бесобиқаву беназиранд. Барои Эмомалӣ Раҳмон муқаддастарину волотарин ҳадафи сиёсӣ ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва тамоми халкҳои Тоҷикистон аст.

Хушбахтона, барои халқи тоҷик дар арсаи воқеаҳои сиёсӣ инсони хирадманд шахсияти воқеан бузург Пешвои воқеии миллат Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд. Имруз мо бояд боифтихор эътироф намоем, ки суханону амалҳои Эмомалӣ Раҳмон дар қалби мардум ҷой гирифтаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки таҳти роҳбарияш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Оре, Ҷаноби олӣ чун фарзанди фарзонаи миллат узви тамоми башарияти олам аст. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбашон ишқу муҳаббат ва меҳру садоқатро нисбат ба халқу ватанашон маҳфуз доранд. Ин ишқу муҳаббаташон дар кору пайкор ва ҷаҳду талошҳои ҳамарӯзаашон намоён шуда истодааст. Аз ҳамин хотир Пешвои миллат нақшаҳои нав ба нав мекашанд. Мардумро ба сабру таҳаммул ва ваҳдату ягонагӣ даъват менамоянд.

Photos from Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ's post 22/02/2022

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШИ САБУК БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 22-юми феврали соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов мусобиқаҳои варзиши сабук бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур доираи васеи устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Мусобиқаро ректори донишкада Шодӣ Сафаров ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд.

Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Photos from Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ's post 11/02/2022

ШАРҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИЁНИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ЛУЧОБИ БОЛО ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ С.РАҲИМОВ

Имрӯз дар асоси дастуру супоришои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 ва таблиғу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва пешгирии бемории сироятии COVID – 19 миёни сокинони маҳаллаи Лучоби боло ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Мирзозода И.Х. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Каримова А.О. -муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Зувайдуллозода М.Ҳ. – аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шамсзода Х.А. - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ва Раҳимзода Ш.А. – Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе иштирок намуда, вобаста ба самтҳои мухталифи Паёми Пешвои миллат, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баҳри пешгириии бемории сироятии COVID – 19 суханронӣ намуданд.

Photos from Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ's post 09/02/2022

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШКАДА БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 9 феврали соли равон нишасти матбуотии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи А.Раҳимов баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада Сафаров Шодӣ, ноибони ректор, устодони донишкада ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Нахуст ректори донишкада Шодӣ Сафаров ҳозиринро ба ин даргоҳи таълимӣ шодбош намуда, инчунин, доир ба фаъолияти донишкада дар соли 2021 мухтасар баромад намуд.

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бо 17 донишгоҳу академия ва донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ варзиши кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, барои табодули таҷриба ва сафарбар намудани донишҷӯён барои такмил додани ихтисос ва гирфтани донишҳои мукаммалу замонавӣ шартномаҳо бо ин давлатҳо шартномаҳо ба имзо расиданд. Ин нуқта дар нишасти матбуотии донишкада зикр шуд.

Мавсуф дар идома иброз намуд, дар давраи ҳисоботӣ дар донишкада 6 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Афғонистон ба хондан фаро гирифта шуда, 2 нафари онҳо баъди хатми бомуваффақияти таҳсил ба ватан баргаштанд. "Он донишҷӯёне, ки аз ҳамсоякишвари мо Афғонистон дар донишкада таҳсил менамоянд, бинобар вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии роҳбарият қарор гирифта, ҳамеша дастгирӣ меёбанд"-, гуфт ректори донишкада дар идомаи суханронӣ.

Бино ба иттилои Сафаров Шодӣ дар давоми сол донишҷӯёни мо дар олимпиадаҳо ва чорабиниҳои оммавӣ-варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар идома рӯзноманигорон доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишкада саволҳо, дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

31/01/2022

ТАЪЗИЯИ АҲЛИ РАЁСАТИ ДОНИШКАДА БА ХОНАДОНИ УСТОД САЪДӢ НОРОВ

РАЁСАТИ ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ С.РАҲИМОВ АЗ ДАРГУЗАШТИ НОБАҲАНГОМИ УСТОДИ ДОНИШКАДА, СОБИҚАДОРИ СОҲА, ШАХСИЯТИ МАЪРУФИ СОҲАИ ВАРЗИШИ МАМЛАКАТ НОРОВ САЪДӢ БАСО АНДУҲГИН МЕБОШАНД.
ҚОБИЛИ ЗИКР АСТ, КИ МАРҲУМ ДАР МИЁНИ УСТОДОНУ ДОНИШҶУЁНИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ ОБРУ ВА ЭЪТИБОРИ ХОСА БУДАНД. ВАЛЕ, АҶАЛ РИШТАИ УМРИ МАРҲУМРО БАРКАНД ВА ЭШОНРО АБАДАН АЗ МО ҶУДО НАМУД.
РАЁСАТИ ДОНИШКАДА БА НАЗДИКОНУ ПАЙВАНДОНИ МАРҲУМ АЗ ДАРГОҲИ ХУДОВАНД САБРИ ҶАМИЛ МЕХОҲАНД.
РАВОНАТ ШОД ВА ХОНАИ ОХИРАТАТ ОБОД БОД, УСТОДИ АЗИЗ.

26/05/2021

ВОХУРӢ БО ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ

25 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов вохурӣ бо Гурӯҳи таблиғотӣ доир гардид, ки дар рафти он иштирокчиён доир ба дастовардҳои навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ, расидан ба қадри сулҳу оромии ва ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор надоранд.

Дар вохурӣ роҳбарияти донишкада ва меҳмонон баромад намуда, иброз доштанд, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва аз ин рӯ бояд тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри сазовор истиқбол гирифтани он равона созем.

Инчунин, қайд гардид, ки сулҳу оромӣ ва осоиштагии Тоҷикистони биҳиштосо маҳз самараи кӯшиш ва талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ба қадри хизматҳои ин фарзонафарзанди миллат бирасад.

Дар идома иштирокчиён доир ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар байни наврасон ва ҷавонон, таблиғ ва ташвиқи дастовадҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва баромад намуданд.

08/05/2021

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ –ВАБОИ АСР
(Пешгирии зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ ва аз таъсири таблиғоти ифротгароёна эмин нигоҳ доштани ҷавонон - вазифаи муҳими ҷомеа)

Боиси шукргузорист, ки бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурандешонаи Сарвари хирадманди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизамон тадриҷан ба чашми оламиён намоён гашт. Кишварҳои олам паси ҳам диёри азизамонро шинохтанду эътироф намуданд ва дар ин замина муносибатҳои дӯстонаву муфиди Тоҷикистон бо кишварҳои олам ба роҳ монда шуданд. Суханрониҳои Сарвари давлат аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид бо забони ширинтари олам кишвари азизамонро боз ҳам номдортар намуд. Мо имрӯз шоҳиди бунёди иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, варзишию солимгардонӣ, сохтмону баистифодадиҳии осорхонаву китобхонаҳои бошукуҳ, технологикунонии муассисаҳои таълимиву пажуҳишӣ, бунёди иншоотҳои бузурги миллӣ дар мисоли Неругоҳи обии Роғун, бунёди нақбҳо ва садҳо иқдомоту ташаббусҳои дигари созанда гашта истодаем, ки барои кишварамон на танҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд, балки нақши ниҳоят гаронарзиш дар заминагузориву ташаккули маърифативу инкишофи зеҳнӣ, фароҳам овардани ташаккули шахсият ва ба вуҷуд овардани ифтихори ватандориву ҳуввияти миллӣ ва худшиносӣ доранд. Албатта, ин навгониҳо моро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ мекунанд ва аз ин ҳама ҳар як фарди ватандӯст ба ору номус шукуфтаҳолу шоду масрур мешавад ва мекӯшад, ки баҳри ободонии минбаъдаи мамлакат боз ҳам фаъолтар бошад.



Дар баробари ин, набояд фаромӯш намоем, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйиротҳои пай дар пай ба амал омада истодааст. Айни ҳол раванди ҷаҳонишавӣ дар тамоми мамлакатҳои дунё вусъат ёфта истодааст. Кишварҳо ва халкҳои ҷаҳон дар шароити рушдкунандаи раванди баҳамтаъсиррасонӣ қарор доранд. Ба ибораи дигар, имрӯз дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорон аз ин ҷараён дар ташвишанд.

Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм»аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣсозанд. Террор кардан, яъне ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣафкандан аст. Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣдар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Тавре ёдовар шудем, мутаассифона имрӯз дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Дар ин робита, дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушдор дода мешавад, ки “вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеаи мо бояд ба таблиғи масоили худогоҳӣ, таквияти ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошем. Дар ин самт, пеш аз ҳама бояд мафкураи ҷавононро аз таъсири фарҳанги бегона ва омилҳои ифротгаро ҳифз намоем.” Агар ба таҳлили мутахассисон такя намоем, ифротгароӣ падидаи нав набуда, он аз давраҳои пеш зуҳур кардааст. Маънои ифротгаро, яъне “ифрот” ин бесарусомонӣ ва “гаро” ин “гаравидан” ва ё “шомил гаштан”-у “майл кардан” аст. Мутаассифона, имрӯз гуруҳҳои ифротгаро ба чунин амалҳои мудҳише даст зада истодаанд, ки кирдори онҳо ба ақли солим рост намеояд. Бадбахтона, гуруҳҳои ифротгаро дар навбати аввал насли ҷавонро фирефтаву ба доми худ мекашанд. Насли ҷавон, ки ҳанӯз таҷриба надорад, оқибати ин омилҳоро дуруст дарк накарда, ба гуруҳҳои ифротӣ шомил гардида, дар амалҳои террористӣ-экстремистӣ иштирок мекунад. Омилҳои пайдо шудани терроризм зиёд аст, аммо муҳимтарин ва асоситарин омили пайдо шудани ин вабо ин худбохтагии шахс дар муқобили афкор ва таълимоти бегонагон аст ва мутаассифона, тавре дар боло зикр гашт, гуруҳҳои ифротгаро дар навбати аввал насли ҷавонро фирефтаву ба доми худ мекашанд. Онҳо барои чалби ҷавонон ба унсурҳои динӣ такя мекунанд. Гуруҳҳои ифротгаро бо қатлу ғорат рӯз аз рӯз кирдорҳои ғайриинсонии худро зиёд менамоянд, ки дар асл он ба дини мубини ислом ягон робита надорад.

Тавре олимони соҳа иброз медоранд, терроризм ин ваҳшоният асту дин бошад масъулият аст, яъне такя бар дин намудан барои худ манфиат ҷустан, ин хиёнат ҳам ба дину ҳам ба халқу ҳам ба давлат ва ҳам ба худост. Дини мубини ислом як ҷузъи муҳим ва таркибии тамаддуни ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва он дар ҳалли бисёр масъалаҳои башарӣ нақши калидӣ мебозад. Он метавонад василаи тарғиби сулҳу суббот, бародарию эҳтироми мутақобил дар сатҳи ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамачониба миёни кишварҳои исломӣ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ гардад. Яъне ислом ба маънии итоат, тавозуъ, фармонбардорӣ аст. Асоси таълимоти дини исломро китоби Қуръон ташкил медиҳад ва барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб мешавад. Дин мардумро дар чорчубаи худ нигоҳ медорад, дар акси хол мардум аз бехудоӣ роҳи қатли ҳамдигарӣ, дуздӣ, фаҳш ва дуруғро пеш мегиранд. Аммо мутаассифона, имрӯзҳо дар зери ниқоби дини ислом ҳаргуна ҳаракат ва равияҳои ифротгаро мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд, ки агар хубтар назар афканем, ба манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ гуна наздикӣ ва алоқамандӣ надоранд. Пас, имрӯз мебояд, ки тамоми неруи худро барои мубориза ба ин хатари муштарак муттаҳид намоем. Имрӯз маҳз муттаҳидии ҳамаи неруҳо дар баробари ин падидаи номатлуб метавонанд, ки гарави муваффақият ва пирӯзии мо бошад. Тарғиби ғояҳои сулҳу суббот, дӯстиву муруват, некиву накӯкорӣ, хайру саховат, хизмати мусолиматомез ва ҳамраъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа яке аз вазифа ва масъулиятҳои умумии ислом ва ходимони он ба ҳисоб рафта, он зиндагии осоишта ва ваҳдати исломии мардуми мусулмонро таъмин менамояд.

Мо мардуми тоҷик таърихи қадима ва ибратомӯз дорем, пас бояд бар зидди паҳн шудани хар гуна ҳаракатҳои террористӣ пайваста мубориза барем. Маҳз меҳри Ватан ҷавононро аз таъсири омилҳои гуногуни номатлуб эмин медорад, онҳоро ба ҳифзи кишвар ва бузургдошти арзишҳои миллӣ водор месозад. Пас, имрӯз зарур аст, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монем. Онҳоро ба зиракию таҳамулгароӣ даъват намоем.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди ҳурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки ҳурофот, нодонӣ, аҳолатро зери интиқод қарор додааст. Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо ҳурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳоди (лагери) сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат гирифт. Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти ичтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амали намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобастааст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣва экстремизм равона гардидааст.Яке аз талаботҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакатон бояд риоя ва амалӣнамояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣва мубориза бар зидди ифротгароӣмебошад.

Мутаассифона, бархе аз ҳамватанони хиёнаткор ва ноогоҳи мо ба муқобили ҳамаи ин дастовардҳо ва муҳимтар аз ҳама ба муқобили сулҳу суботи миллӣ ва як порчагии мамлакат бархоста, ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Барои хар як сокини кишварамон маълум аст, ки ки ҲНИТ ханӯз аз охири солҳои Шуравӣ ба фаъолияти экстремистӣ- террористии худ оғоз намудааст. Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ҲНИТ бо такя ба дастури хоҷагони хориҷии худ барои бо роҳи зурӣ ба даст овардани ҳокимият ба набарди мусаллаҳона даст зад, ки дар натиҷа кишварамон ба майдони қатлу куштор табдил ёфт. Дар чунин шароит, сокинони кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Албатта, мубориза бар зидди экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад ва дар ин замина дар кишварамон мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ тадбирҳои зиёдро роҳандозӣ намуда истодааст. амалӣмегардонад.

Дар баробари ин, яке аз вазифахои муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа ин аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад. Илова ба ин, барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон насли калонсол ва умуман тамоми аҳли ҷомеа вазифадор аст. Инчунин, худи ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ, маҳорати касбомӯзиву рақобатпазир шудан дар дунёи иттилоотӣ дар пешрафти кишвар сахмгузор бошанд.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ маҳз бо сабаби нокифоягии савияи идроки сиёсӣ буд. Дар ин замина, ҳодисаҳои пурфоҷиае, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварро фаро гирифта буданду асосан ҷавононро дар гирдоби ҳалокатбари худ қарор дода буданд, барои сокинони кишвар ва дар навбати аввал ҷавонон бояд як сабақи таърихӣ бошанд ва аз ин хулосаҳои зарурӣ бароранду ба тамоми он дигаргуниву ҳодисаҳое, ки имрӯз ба вуқӯъ меоянд, баҳои дуруст дода тавонем.

Як гурӯҳ устодони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

Want your business to be the top-listed Gym/sports Facility in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Website

Address


Dushanbe