17/11/2024
МУЗАФФАРИЯТИ НАВБАТИИ ВАРЗИШГАРОНИ НАВРАСИ МО
Варзишгарони навраси мо аз намуди каратэ-киокушинкай таҳти роҳбарии мурабии шинохта Сино Махсутов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи президент иштирок намуда, соҳиби 24 медал гардиданд.
Аз ин ҳисоб 12 медали тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ мебошад.
Мураббии муваффақ Сино Махсутовро ба ин дастоварди дастпарваронаш самимона таҳният мегӯем ва барои дастаашон дар мусобиқаҳои оянда барору комёбиро орзумандем!!!
31/08/2024
ШАКАРМАМАД ҚАҲРАМОН ҶАҲОН
Дар нахустин қаҳрамонии ҷаҳон оид гӯштингирӣ, ки Душанбе мизбони ин мусобиқаи бошукӯҳ гардид, варзишгари шӯҳратёри мо ШАКАРМАМАД МИРМАМАДОВ дар вазни +95 кг тамоми рақибонашро садди роҳаш намуда унвони нахустин қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштингириро дар ин вазн соҳиб гардид.
Ба ин муносибат ҷаҳонпаҳлавонамонро табрику таҳният намуда, дар мусобиқаҳои оянда барояш музаффариятҳои навбатиро орзумандем!!!
30/07/2024
Варзишкори номдори кишвар Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 соҳиби мақоми сеюм ва медали биринҷии мусобиқа гардид.
Ин дастоварди таърихиро ба ҳамаи тоҷикистониён таҳният мегӯем!!!
18/07/2024
Таассуроти иштирокчиёни охирин мусобиқаи варзишии кумита (футболи хурд байни кӯдакону наврасон), соли 2022
12/12/2023
Анҷумани Оғохон оид ба чавонон ва варзиш чамоати исмоилиёнро бо фарорасии Рузи Мавлуд тахният гуфта, бароятон саодати рузгорро таманно дорем!!!
26/11/2023
МУҲАММАД 24 НОЯБР ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРАФРОХТ
Дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ-кёкушинкай баргузор гардид, ки дар он наздики 700 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни олам иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқа ду навраси умедбахши мо Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Муҳаммад Фидоев тавонист мақоми сеюмро ишғол намояд ва медали биринҷии мусобиқаро соҳиб гардад.
Хурсандибахш он аст, ки Муҳаммад рақобатҳои худро санаи 24 ноябр дар арафаи таҷлили Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод ва дар ин ҷашни миллӣ бо барафрохтани парчами кишвар ҳамаи тоҷикистониёнро шодбош гуфт. Ба ин муносибат ҳамаи дӯсторони варзишро таҳният мегӯем ва барои Муҳаммад Фидоев дар мусобиқоти оянда муваффақиятҳои навбатиро орзумандем!
13/11/2023
МУВАФАҚҚИЯТИ НАВБАТИИ ВАРЗИШГАРОНИ НАВРАСИ МО ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Бахшида ба Рӯзи Президент санаи 12 ноябри соли равон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди карате-кёкушинкай байни кӯдакон ва наврасон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони навраси ВМКБ низ таҳти роҳбарии мураббиашон Махсутов Сино иштирок намуданд.
Варзишгарони навраси мо чун ҳамеша аз худ ҳунари волои варзишӣ нишон дода, нӯҳ нафарашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Аз байни варзишгарони мо Насуллоев Аслан, Фидоев Муҳаммад, Худододов Икром соҳиби ҷойи аввал ва медалҳои тилло, Ҷӯраева Сабрина, Ғуломалиев Расул, Саидов Абдураҳмон, Насуллоев Зайниддин зинаи дуюм ва Орифшоев Бандишо, Ҷунайтов Парвона мақоми сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки то ҳол дастаи Сино Махсутов аз ягон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бе медал барнагаштааст.
Ҳамчунин варзишкори навраси мо Аслан Насуллоев дар баробари он, ки Қаҳрамони чандкаратаи кишвар аст, соли гузашта унвони Қаҳрамони Осиёро низ ба даст оварда буд.
Ғолибият ва соҳиби мақоми ифтихорӣ гардидани варзишгарони наврасро ба ҳамаи дӯстдорону ҳаводорон таҳният мегӯем.
Ба мураббӣ Сино Махсутов ва дастпарваронаш дар мусобиқаҳои оянда комёбӣ ва мувафаққиятро орзумандем!!!
08/08/2022
ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ СОБИҚАДОРИ ВАРЗИШ
28 июл дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо байни собиқадорон баргузор гардид, ки дар он собиқадори гӯштини миллӣ ва дзюдо, ғолиби чандин мусобиқаи минтақавию ҷумҳуриявӣ УМРИШО ЕДАРШОЕВ ҳамаи рақибонашро шикаст дода, унвони Қаҳрамони Тоҷикистон байни собиқадоронро ба даст овард.
Ба ин муносибат УМРИШО ЕДАРШОЕВРО таҳният мегӯем ва барояшон дар фаъолияти варзишиву мураббигиашомураббигӣ фатҳи қуллаҳои баландтаринро орзумандем.
Бояд қайд кард, ки шогирдони Устод низ чандин маротиба дар мусобиқаҳои мухталиф сазовори ҷойҳои сазовор гардидаанд.
11/07/2022
Барои исмоилиёни олам Рӯзи Имомат ҳумоюн бод!
09/07/2022
Барои хамватанон ва тамоми мусалмонони олам Иди Курбон муборак бод!