29/07/2026
М.Д. "Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб"
варзиш.
29/07/2026
28/07/2026
🔥 Маҳдӣ Баротов финалисти Чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола шуд! 🇹🇯
Паҳлавони ҷавони Тоҷикистон Маҳдӣ Баротов дар вазни 60 кг дар риштаи гӯштини Юнонӣ Румӣ бо ҳунарнамоии олӣ ба финали Чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола роҳ ёфт.
Мусобиқа аз 27 июл то 2 август дар шаҳри Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда истодааст.
🏆 Маҳдӣ фардо дар финал барои нишони тилло бо Амирризо Таҳмасбпур аз Эрон рақобат хоҳад кард.
Ба Маҳдӣ Баротов дар финал барори кор ва пирӯзӣ таманно дорем! 🇹🇯💪
22/07/2026
9 медали муштзанҳои навраси тоҷик дар Мусобикаи байналмилалӣ дар шахри Аршалии Қазоқистон
• Мусоев Муҳаммадюсуф (30 кг)
• Мирзоев Умар (33 кг)
, Махкамов Идрис (40 кг)
• Сичаев Дилшод (46 кг)
• Охунов Беҳруз (57 кг)
• Тураев Имрон (46 кг)
-Усмонов Саидислом (+80 кг)
-Исматов Мухаммад (33 кг)
-Олимов Абубакр (60 кг).
22/07/2026
⚡10 гӯштингир аз марҳилаи интихобӣ гузашта, роҳхати Чемпионати ҷаҳони гӯштингириро соҳиб шуданд 🤼
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон дар марҳилаи интихобии дуюмин Чемпионати ҷаҳони гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми МШВҶТ Усто Устопиров дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид.
10 гӯштингир пас аз ба даст овардани медалҳои тилло ва нуқра аз марҳилаи интихобӣ гузашта, роҳхати иштирок дар Чемпионати ҷаҳони гӯштингириро соҳиб шуданд.
Муҳаммад Салимов дар вазни то 65 кг қаҳрамон шуда, роҳхатро ба даст овард. Дар ин вазн, ҳамчунин қаблан Ёсин Бобокалонов соҳиби роҳхат шуда буд.
Муҳаммадисо Раҷабов ва Умар Шеров роҳхати вазни то 71 кг-ро ба даст оварданд.
Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 78 кг қаҳрамон шуда, роҳхатро ба даст овард. Дар ин вазн, ҳамчунин қаблан Муҳаммадшариф Наҷмиддинов соҳиби роҳхат шуда буд.
Сайфиддин Сайфиддинзода ва Ҳамроҳ Раҷабов роҳхати вазни то 86 кг-ро соҳиб шуданд.
Комроншоҳи Устопириён ва Акмал Муродов дар вазни то 95 кг соҳиби роҳхат гардиданд.
Шарифҷон Назриев ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни ба изофаи 95 кг соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Чемпионати ҷаҳони гӯштингирӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки пеш оғози мусобиқа ҳайати расмии тими мунтахаби Тоҷикистон миёни ҳам мардон ва ҳам бонувон барои иштирок дар мусобиқа аз ҷониби Федератсияи гӯштингирии кишвар эълон карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 15-16 август дар шаҳри Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – “Гӯштингирӣ” доир мегардад.
Мусобиқа дар остонаи 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар он варзишгарони беш аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Фонди ҷоизавии мусобиқа 400 ҳазор доллар аст.
VarzishTV
22/07/2026
22/07/2026
Тими чудои Точикистон дар мусобикаи «Lausanne Grand Slam»
Мардон:
-60 кг. Лоик Кутбуддинов
-66 кг. Эмомали Нурали
-66 кг. Искандар Махмадхочазода
-73 кг. Мухиддин Асадуллоев
-73 кг. Масъуди Ахмадзод
-81 кг. Бехрузи Хочазода
-81 кг. Абубакр Шеров
-90 кг. Мухаммадчон Абдучалилзода
-90 кг. Шодмон Ризоев
-100 кг. Чахонгир Мачидов
-100 кг. Сомонй Кишваров +100 кг. Мансур Рахмон
Бонувон:
- 48 кг. Ахлия Муминова
-52 кг. Мадина Курбонзода
17 28-30 август
'ш. Лоззана #
Click here to claim your Sponsored Listing.
Location
Category
Website
Address
Варзишгарон
Dushanbe
13/07/2026