23/11/2022
ИШТИРОКИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲЕНДБОЛ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Рафти баргузории Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба ҳендбол байни ҷавондухтарони то 18 сола вохури бо натиҷаи 25:17 ба фоидаи дастаи Тоҷикистон дар вохури бо дастаи Қирғизистон гардид.
12/10/2022
🇹🇯 Темур Раҳимов бо боварӣ ва қадамҳои устувор ба қаҳрамонӣ наздик мешавад, агар дар даври нимниҳоӣ муқобили Татсуру Саитои ҷопонӣ зафар ёбад ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад.
Темур ту метавонӣ, ба пеш!!!
©️ Сарпарасти пахши мусобиқа: «Мармарӣ»
tj
tj
12/10/2022
Темур Раҳимов ҳанӯз дар сонияҳои аввали рақобат бо имтиёзи иппон ҷудокори фаронсавӣ - Жосеф Терҳекро дар даври сеюм шикаст дод ва роҳашро ба даври чаҳорякниҳоии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ҳамвор сохт!
Дар даври чаҳорякниҳоӣ Темур бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Минйонг Кими 22 сола қувваозмоӣ мекунад!
Ба пеш Темур Раҳимов!
©️ Сарпарасти пахши мусобиқа: «Мармарӣ»
tj
tj
12/10/2022
МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ҚАҲРАМОНҲОИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДИЛШОД НАЗАРОВ ВА АНДРЕЙ АБДУВАЛИЕВ БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11.10.2022 ш. Душанбе
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамонҳои Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ва Андрей Абдувалиев бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Собирзода Парвиз, Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва дигар масъулини соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
12/10/2022
ДАСТАИ МУНТАХАБИ МАМЛАКАТ АЗ ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА ТАЭКВОНДО ITF БАР ГАШТАНД
Аз 1то 9 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Копери давлати Словения мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ байни наврасон ва калонсолон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ 1350 варзишгар аз 53 давлати дунё ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ варзишгарони кишвар тавонистанд дар муҳорибаҳои инфиродӣ як медали тилло ва як медали биринҷӣ, дар муҳорибаҳои даставӣ бошад наврасони мо ба гирифтани медали нуқра даст ёфтанд.
Медали тилло байни наврасон дар вазни 50-55кг Дадаев Ризо ба даст овард.
Медали биринҷӣ байни наврасон насиби Гирдаков Сино дар вазни 45-50кг гардид.
Дар мухорибаи дастави, Нигматов Ҷонибек, Гирдаков Сино ва Дадаев Ризо медали нуқраро ба даст оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгаронро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мураббиён ва волидайни варзишгарон пешвоз гирифтанд.
05/10/2022
05.10.2022. ш.Душанбе
МУСОБИҚАИ КУШОДИ МД МҶМОВ ОИД БА ФУТБОЛ БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯ 16 - МИН ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ.
ТИБҚИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШӢ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО МУСОБИҚАИ ДОХИЛӢ МУАССИСА ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ ВА ФАРОҒАТӢ "ҶАВОНОН" - И ШАРҲИ ДУШАНБЕ АЗ ҶОНИБИ МД." МАКТАБИ ҶУМҲУРИЯВИИ МАҲОРАТИ ОЛИИ ВАРЗИШӢ ОИД БА БОЗИҲОИ ДАСТАВИ" БАРГУЗОР КАРДА ШУД.
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ МУСОБИҚА.
02/10/2022
Ширкати ватании "Мармарӣ" сарпарасти пахши Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо дар Тошканд гардид!
tj
tj
02/10/2022
МУСОБИҚАИ КУШОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БОКС БАЙНИ КАЛОНСОН (МАРДОН ВА БОНУВОН) БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ҶОИЗАДОРИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ЛОНДОН-2012 МАВЗУНА ЧОРИЕВА
29/09/2022
МАРОСИМИ КУШОДАШАВИ ВА РАФТИ БАРГУЗОРИИ ЧЕМПИОНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ЮНОНӢ-РУМӢ
23/09/2022
23.09.2022. ш.Душанбе
ТИБҚИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РАИСИ КУМИТА НАҚША ВА ЧОРАБИНИҲОИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШӢ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСОСИ НАҚША ЧОРАБИНИҲОИ МУАССИСА.
МАШҚУ ТАМРИНҲОИ ГУРУҲҲОИ МД. "МАКТАБИ ҶУМҲУРИЯВИИ МАҲОРАТИ ОЛИИ ВАРЗИШӢ ОИД БА БОЗИҲОИ ДАСТАВИ" АЗ НАМУДИ ФУТБОЛ
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ТАМРИНҲО