Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод

Share

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод

Photos from Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод's post 28/08/2026

#НУРОБОД: БАРГУЗОРИИ ХОНИШҲОИ СИЁСИ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи Нуробод бахшида таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод, бо ҷалби кормандони филиали №12-и КВД БА ҶТ "Амонатбонк" дар ноҳияи Нуробод доир гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар корхонаи мазкур намояндагии ФИҶТ таъсис дода шуда, бо пешниҳоди ҳайати кормандон раиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонон дар филиали №12-и КВД БА ҶТ "Амонатбонк" дар ноҳияи Нуробод бо овоздиҳии иштирокчиён интихоб карда шуда, аз ҳисоби кормандони ин корхона кормандон ба филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия аъзо карда шуданд.

Зимнан аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба самҳи ҳозирин расонида шуд.

Photos from Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод's post 28/08/2026

#НУРОБОД: ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ" БАЙНИ КОРМАНДОНИ ИДОРА, ТАШКИЛОТ ВА МУАССИСАҲО

Дар доираи Нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи Нуробод бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз бо иштироки намояндаи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод бо ҷалби кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Нуробод хониши сиёсӣ доир гардид.
Аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки чунин вохурӣ ва мулоқотҳо дар дигар ташкилоту муассиса доир карда мешаванд.

Photos from Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 28/08/2026
Photos from Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод's post 28/08/2026

МУЛОҚОТИ АСАДУЛЛО НАҶМИДДИНИЁН ВА АҲМАД МАҲМУДЗОДА — ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон, 27 августи соли 2026 дар ноҳияи Нуробод мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳия баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Файзобод №11 Асадулло Наҷмиддиниён ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Маҳмудзода иштирок намуданд.

Зимни мулоқот фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳия ва такмили қонунгузорӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки қонунгузории миллӣ бо дарназардошти талаботи замон ва манфиатҳои ҷомеа пайваста такмил ёфта, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва таъмини волоияти қонун заминаи зарурии ҳуқуқиро фароҳам меорад.
Ҳамзамон, оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум андешаронӣ сурат гирифт.

Дар идомаи мулоқот ба масъалаи нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ҷалби ҷавонон ба илму дониш ва касбомӯзӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар ин замина, сокинон даъват гардиданд, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар фарҷоми мулоқот сокинон ва фаъолони ноҳияи Нуробод оид ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ободонии маҳал, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаву пешниҳодҳои худро баён намуданд.

22/08/2026
22/08/2026

«ИМЗОИ МУБОРАКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НАЗДИ ВАРЗИШГОҲИ МИЛЛӢ — РАМЗИ СУЛҲУ СУБОТ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ»

Photos from Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод's post 22/08/2026

НУРОБОД:ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз 22 августи соли 2026 дар ноҳияи Нуробод ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар ин иқдоми ободонӣ кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, ҷамоатҳои деҳот, ҷавонону сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуда, барои тозаву озода ва ободу зебо гардонидани муҳити зист саҳми арзанда гузоштанд.
Зимни шанбегӣ корҳои тозакунӣ ва ободонӣ дар кӯчаю маҳаллаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ анҷом дода шуданд. Ҳамчунин, гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо ва иншооти хизматрасонӣ тоза гардида, корҳои рангубор ва ба тартиб даровардани намои онҳо вусъат гирифт.
Иштироки фаъолонаи сокинон дар чунин иқдомҳо нишонаи эҳтиром ба Ватан, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии диёр мебошад.
Бо ҳамин руҳияи созандагиву ободкорӣ сокинони ноҳияи Нуробод барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.

Photos from Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод's post 22/08/2026

НУРОБОД: МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОНИ СОЛИМ — ПОЯИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТ"

Имрӯз, бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод машқи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Ҷавонони солим- пояи Истиқлоли давлат» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод, ҷиҳати рушди тарзи ҳаёти солим, таҳкими оммавияти варзиш ва ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ баргузор карда шуд.

Дар машқи пагоҳирӯзӣ сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар ҷавонони фаъол иштирок намуда, бо иҷрои машқҳои ҷисмонӣ саҳми худро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим гузоштанд.

16/08/2026

:

ИСТИҚЛОЛ НЕЪМАТИ БУЗУРГ!
ҲИФЗИ ОН ВАЗИФАИ МО!

МУДИРИ БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Want your business to be the top-listed Gym/sports Facility in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Website

Address


н. Нуробод
Dushanbe