13/06/2025
Саҳифаи нави Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Новая страница национального олимпийского Комитета Таджикистана
The new page of Tajikistan National Olympic Committee
Tajikistan National Olympic Committee
КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН
07/06/2025
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 5-УМИН СЕМИНАРИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА КОММУНИКАТСИЯИ РАҚАМӢ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Рӯзҳои 2-5 июни соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 5-умин семинари минтақавӣ оид ба коммуникатсияи рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ (DCSMS V) баргузор гардид, ки дар кори он дар баробари намояндагони дигар кишварҳо, намояндаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ иштирок намуд.
05/06/2025
ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН ПРЕЗИДЕНТИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ПАРАЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН, ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶДММ "САРМАНЗИЛ" АМОНЗОДА МАҲМУД АМОН БА КОРМАНДОН ВА ДАСТПАРВАРОНИ МАКТАБ - ИНТЕРНАТИ ТАМОЮЛИ ВАРЗИШӢ БА НОМИ "ИБРОҲИМ ҲАСАНОВ" КУМАКҲОИ ЯКДАФЪАИНА АЗ ҚАБИЛИ МАҲСУЛОТИ НИЁЗИ АВВАЛИЯ ВА ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ 360 НАФАР ТАШКИЛ НАМУД.
Дар партави сиёсати инсонпарварона ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишрҳои ниёзманд, бепарастор, шахсони имконияташон маҳдуд ва ятимону барҷомондагон аз ҷониби шахсони саховатманд ва хайрхоҳ мунтазам дастгириҳо ба ин қишри ҷомеа роҳандозӣ карда мешавад.
Дар ин замина санаи 04.05.2025 Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, директори генералии ҶДММ "Сарманзил" Амонзода Маҳмуд Амон ба 75 нафар кормандони Мактаб интернати тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов кӯмаки якдафъаина аз қабили маҳсулоти ниёзи аввалия ва дастархони идона ба 360 нафар таълимгирандагони Мактаб- интернат ороста шуд.
Ҳамзамон, қайд менамоем, ки дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва ҷоизадори бозиҳои Олимпӣ Мавзуна Чориева, ки дастпарвари ҳамин мактаб интернат аст, иштирок ва суханронӣ намуданд.
03/06/2025
Омодагӣ ба бозиҳои Исломӣ, Риёз-2025
ш.Риёз: 01,02,06.2025
Иштироки намояндаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ҳофиз Сангаков дар Chefs de Mission Seminar, ки санаи 1-2 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки бо мақсади омодагӣ ба бозиҳои Исломӣ Риёз - 2025 баргузор гардид, сурат гирифт.
30/05/2025
АМОНЗОДА МАҲМУД АМОН ПРЕЗИДЕНТИ КУМИТАИ ПАРАЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД.
Имрӯз 30-юми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Паралимпии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои зерин баррасӣ гардид.
Тибқи тартиб аз фаъолияти Кумитаи паралимпии Тоҷикистон ҳисобот ироа гардида, ҳамзамон вазифа ва самтҳои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардид.
Дар кори ҷаласа аз ҷониби аъзоёни Кумитаи паралимпии Тоҷикистон масъала оид ба интихоби Роҳбарият пешбарӣ гардида, бо ҷонибдории зиёд Амонзода Маҳмуд Амон Президенти Кумитаи паралимпии Тоҷикистон интихоб гардид.
30/05/2025
АМОНЗОДА МАҲМУД АМОН ПРЕЗИДЕНТИ КУМИТАИ ПАРАЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД.
30/05/2025
МАВЗУНА ЧОРИЕВА - ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН, НАМОЯНДАИ КУМИТАИ БАРОБАРИИ ГЕНДЕРИИ ШУРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ ИНТИХОБ ГАРДИД.
ЁДОВАР МЕГАРДЕМ, КИ МАВЗУНА ЧОРИЕВА АВВАЛИН БОНУИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ АСТ, КИ ҶОИЗАДОРИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МЕБОШАД.
28/05/2025
Туҳфаҳои Шурои олимпии Осиё ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи варзиш дар кишвар босуръат рушд намуда, ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфтааст. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш ба таври назаррас баргузор мегарданд.
Бо пуштибонӣ ва роҳнамоиҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе — пойтахти мамлакат рӯзҳои 5 то 10 апрели соли 2025 мизбони як чорабинии муҳими байналмилалӣ — Форуми Шӯрои олимпии Осиё ва Ҳамбастагии олимпӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки сатҳи ташкиливу мазмунӣ ва баргузорсозии ин форум аз ҷониби роҳбарияти Шӯрои олимпии Осиё ва намояндагони Кумитаҳои миллии олимпӣ баҳои баланд гирифт. Дар ин замина, ҳамчун рамзи қадрдонӣ аз саҳми назарраси Тоҷикистон дар рушди варзиш, Шӯрои олимпии Осиё ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ду автомашинаи сабукрави тамғаи Toyota ба маблағи умумии 70 000 доллари ИМА ҳамчун туҳфа тақдим намуд.
28/05/2025
🤼 Натиҷаи гуштингирони тоҷик дар «Чемпионати Британияи Кабир оид ба Гуштини Тарзи Озод»
🥇 -97 кг. Эмом Абдуллоев
🥈 -57 кг. Мавлонҷон Хоҷаев
🥉 -70 кг. Абдумумин Ҳафизов
🥉 -79 кг. Оятулоо Машрабов
Муборак бошад!
21/05/2025
Баҳодур Шерализода роҳбари Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон интихоб шуд
21 майи соли равон – дар шаҳри Душанбе Маҷлиси умумии ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии "Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифаи нав интихоб шуд.
Баҳодур Шерализода ҳамчун раиси Ташкилоти ҷамъиятии "Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон" аз ҷониби аъзоёни федератсия якдилона интихоб гардид.
Дар маҷлиси умумии мазкур Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни федератсия иштирок намуданд.
Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ (FIE), ки соли 1913 таъсис ёфтааст, яке аз қадимтарин ташкилотҳои варзишии ҷаҳон ба шумор меравад. Қароргоҳи асосии ин иттиҳодия дар шаҳри Лозаннаи Швейсария ҷойгир аст. FIE се навъи шамшербозиро - рапира, шпага ва сабля - дар бар мегирад ва мусобиқаҳои азими ҷаҳониро аз қабили Чемпионатҳои ҷаҳон, Кубокҳои ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ ташкил мекунад.
Шамшербозӣ яке аз панҷ намуди варзиш аст, ки аз аввалин бозиҳои олимпӣ дар Афина дар соли 1896 ба барномаи ҳамаи Бозиҳои олимпии муосир дохил карда шудааст. Федератсияи мазкур беш аз 150 федератсияи миллиро дар бар мегирад.
Эҳёи нав: Дар солҳои охир Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон бо ёрии Кумитаи миллии олимпӣ кӯшишҳои зиёде барои рушди ин навъи варзиш, хусусан дар байни ҷавонон, анҷом додааст.
Варзишгарони тоҷик ҳоло дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои Осиё ва Чемпионатҳои ҷаҳонӣ барои ҷавонон иштирок мекунанд.
Бо интихоби роҳбарияти нави Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон, ҳамагӣ умедвор ҳастанд, ки дастгирии варзишгарон зиёд гардида, шамшербозии миллӣ ба сатҳи байналмилалӣ баромад кунад.