Муассисаи давлатии маркази ҷавонон дар ноҳияи Лахш

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Муассисаи давлатии маркази ҷавонон дар ноҳияи Лахш

Муассисаи давлатии маркази ҷавонон дар ноҳияи Лахш Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Муассисаи давлатии маркази ҷавонон дар ноҳияи Лахш, Sports Team, Ноҳияи Лахш, Dushanbe.

15/06/2024
08/06/2024

ҲАМВАТАН ИМРӮЗ БОЗИИ ТАҚДИРСОЗ АСТ. ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ. ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!
ШЕРБАЧАҲО МО ИН ШАБ ДАР МУХЛИСИИ ШУМОЕМ!
МО БА ШУМО БОВАРӢ ДОРЕМ!

💥 𝐌𝐀𝐓𝐂𝐇𝐃𝐀𝐘 💥

🇯🇴 Урдун 🆚 Тоҷикистон 🇹🇯

🏆Марҳалаи интихобии ҶҶ - 2026 / даври 5

📆 Имрӯз , соъати 22:30 🕥 (🇹🇯 )

📍Аммон , Урдун

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ АММОН БО ТИМИ МИЛЛИИ УРДУН БОЗӢ МЕКУНАД

Имрӯз, 6-уми июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вохӯрӣ соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ин бозиро мустақиман намоиш медиҳанд.

⚽️⚽️⚽️

НАЦИОНАЛЬНАЯ СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА В АММАНЕ СЫГРАЕТ ПРОТИВ СБОРНОЙ ИОРДАНИИ

На Международном стадионе Аммана сегодня, 6 июня, пройдет матч пятого тура второго раунда отборочного турнира чемпионата мира-2026 в группе «G» между национальными сборными Иордании и Таджикистана.

Встреча начнется в 20:30 часов по местному времени (22:30 – по душанбинскому). Телеканалы «Варзиш» и «Футбол» покажут этот матч в прямом эфире.

🏆 ЧМ-2026. Отборочный турнир
✅ Второй раунд. Группа «G»
⚽️ 5-й тур
📅 6 июня (четверг)
⌚️ Начало – в 22:30 часа по Душанбе
🇯🇴 Иордания – 🇹🇯 ТАДЖИКИСТАН
🏟 Амман, Международный стадион

08/06/2024
16/02/2024

Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда, тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” расман эълон гардад.

16/02/2024

23 февраля рузи Артиши милли Чумхурии Точикистон! Рузи куввахои мусаллах, Рузи артиш, Рузи Артиши милли.

Рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.

артиши милли 23 феврал рузи артиш, куввахои мусаллах

Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 31 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.

Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.
Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо нӯги қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфи умри худро то дами марг барои ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷваонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сурқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.

Ватан, чӣ қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.

Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагӣ омӯзем.

Address

Ноҳияи Лахш
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 09:00 - 17:00
Wednesday 09:00 - 17:00
Thursday 09:00 - 17:00
Friday 09:00 - 17:00

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Муассисаи давлатии маркази ҷавонон дар ноҳияи Лахш posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category