МД "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ"

МД "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ  оид ба намудҳои варзиши обӣ"

Share

спорт

Photos from МД "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ  оид ба намудҳои варзиши обӣ"'s post 25/05/2026

Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ
25.05.2026
https://www.president.tj/event/news/55686

25 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид.

Ин ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои созишномаи таърихӣ дар бораи ҳалли масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, тавсиби Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, инчунин, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу иқлим супурда шуд.

Зимнан, саҳми Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафмандонаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028", қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ ва пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, махсус таъкид гашт.

Ёдовар бояд шуд, ки Ҷоиза бо фармони Ректори Донишгоҳи Сулҳи Созмони Милали Муттаҳид доктор Франсиско Рохас Аравена 19 майи соли 2026 ба имзо расида, аз ҷониби Намояндаи доимии ин Донишгоҳ, Сафир Дэвид Фернандес Пуйана ба Пешвои миллат тақдим гардид. Он барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар ва кишварҳое, ки дар роҳи сулҳсозӣ дастовардҳои беназир доранд, аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи СММ таъсис ёфтааст.

Ин эътироф гувоҳи шахсияти таъсиргузор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи минтақа ва талошҳояшон барои суботи сартосариву пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим аст, ки аз ҷониби яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои олам муҳри тасдиқ ёфт.

25/05/2026

Футбол — ин на танҳо бозӣ, балки забони дӯстӣ, ваҳдат ва пирӯзист.

#Футбол #Таджикистан #Спорт #ФутболТаджикистана #ЛюбовьКФутболу #МирЧерезФутбол #Единство #Победа #Молодёжь ⚽️🏆

25/05/2026

Футбол - забони ягонагӣ , руҳи ҷавонӣ ва майдони пирӯзиҳо!

22/05/2026

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
22.05.2026
https://president.tj/event/news/55650

Ҷавонони саодатманди кишвар!
Фарзандони азиз!

Ба ҳамаи шумо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ин ҷашнро, ҳамчунин, ба ҳамаи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва кор мекунанд, табрик менамоям.

Имсол мо Рӯзи ҷавононро дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ, яъне 35-солагии истиқлоли давлатии кишварамон ҷашн мегирем.

Воқеан, истиқлолу озодӣ арзишҳои муқаддастарину муҳимтарин ва неъмати беҳтарин барои ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан барои наврасону ҷавонон мебошад.

Дар таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва давлатдории навини тоҷикон ҷавонон ҳамчун неруи ташаббускору пешбарандаи ҷомеа нақши басо муассир бозиданд.

Бо ифтихор иброз менамоям, ки ҷавонони кишвар ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир иштироки фаъол доранд.

Онҳо дар афзун гардонидани дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Яъне имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки ҷавонони мо дар он иштироки фаъол надошта бошанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, касбомӯзӣ, варзиш, соҳибкорӣ, яъне ба хотири мавқеи шоиста пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуда истодааст.

Дар навбати аввал, барои пешбурди муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи зарурӣ ва муосири меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.

Аз ҷумла барои наврасону ҷавонон зина ба зина тамоми шароити донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар муҳайё карда шуд ва ин раванд бомаром идома дорад.

Зеро яке аз роҳҳои пешрафту тараққиёти кишвар тарбияи насли ҷавони босаводу соҳибкасб мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ қариб як миллион нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 140 ҳазор нафар мактабҳои олии хориҷиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.

Вале таъкид менамоям, ки бо дарназардошти суръати рушди илму техника ва талаботи замона ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Дар чунин шароит омӯзиши илму донишҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои электронӣ, барномасозӣ, энергетикаи нав ва соҳибкории инноватсионӣ барои ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Ҷавонон бояд донанд, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта вобастагии мустақим дорад.

Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки дар ин марҳала бо иродаи мустаҳкам ба фаъолияти самарабахши илмиву таҳқиқотӣ ва эҷодкориву навоварӣ машғул шаванд.

Ҳамзамон бо ин, дар хотир бояд дошт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил, кор ва ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам месозад.

Касбомӯзӣ ва соҳиб шудан ба ҳунарҳои замонавӣ омили муҳимми таъмин намудани зиндагии шоиста ва расидан ба сатҳи рақобатнокии иқтисодӣ мебошад, ки ҷавонони мо дар ин самт низ бояд ҳарчи бештар талош намоянд.

Ҷавонон, ҳамчунин, бояд бо тафаккури солим ва ҳисси баланди масъулият ба зуҳуроти харобиовар ва таъсири андешаҳои ифротӣ муқовимат намоянд.

Зеро дар ҷаҳони пурҳаводиси кунунӣ танҳо давлатҳое пойдор ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои имрӯз устувор мемонанд, ки мардумашон ва махсусан ҷавонони онҳо ватандӯсту огоҳ, босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, ихтироъкору навовар ва сарҷамъу муттаҳид бошанд.

Фарзандони азиз!

Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро таъкид намоям, ки шумо онро бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед.

Мо – тоҷикон миллати ориёинажод, соҳиби таърихи беш аз 6000-сола ва фарҳангиву тамаддунсоз ҳастем.

Мо шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсиро маҳз бо ҳамин мақсад чоп ва ройгон тақсим кардем, ки мардум ва махсусан наврасону ҷавонон аз таърихи гузаштаи худ, яъне аз решаи хеш, аз анъанаҳои ватандӯстиву ватандории худ огоҳ бошанд, аз онҳо ифтихор намоянд ва ба хотири ҳифз кардану таҳким бахшидани онҳо талош намоянд.

Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии фарҳангу суннатҳои бегона шумо бояд арзишҳои бунёдии миллӣ – таърих, забон фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллати бостонии тоҷикро омӯзед, донед ва барои ҳифз кардану густариш додани онҳо талош намоед.

Муҳимтар аз ҳама, ба қадри неъмати бебаҳои миллату давлат – истиқлолу озодӣ расед ва тамоми неруи худро барои ҳимояву таҳкими он равона созед.

Чунки маҳз ҳамин неъмати бебаҳо аст, ки моро дар арсаи ҷаҳон мешиносанду эҳтиром менамоянд ва ба тамаддуни қадимаамон арҷ мегузоранд.

Мо наврасону ҷавонони имрӯзаро беҳуда манбаи ташаббусҳои азим, созандагони фардои ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қувваи пешбарандаи ҷомеа нагуфтаем.

Зеро ояндаи дурахшони давлат ва миллат танҳо дар дасти шумо – наврасону ҷавонони бонангу номус, худогоҳу худшинос ва дорои тафаккури муосир аст.

Мо ба ҷавонони худ, яъне насли замони истиқлол, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо эътимоди комил дорем ва дар пешрафти Тоҷикистон аз ҳама бештар ба онҳо такя мекунем.

Бовар дорем, ки ҷавонони мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманду назарраси худро мегузоранд.

Ҷавонони азиз!

Ман ба шумо муроҷиат карда, бори дигар таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат барои миллати озодихоҳу сулҳпарвари тоҷик ҳимоя кунед.

Ин Ватани биҳиштосоро сидқан дӯст доред, онро чун сарзамини аҷдодамон барои наслҳои ояндаи миллати куҳанбунёди тоҷик ҳифз намоед.

Дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан – модар ва миллати худ хиёнат накунед.

Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза симои маънавии миллати бостонии тоҷикро ҳимоя кунед.

Намунаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, одоби муошират, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ бошед.

Эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷо оваред ва одобу расму ойинҳои неки миллиро риоя намоед.

Забони модариро покиза нигоҳ доред, зеро забони мо яке аз қадимтарин ва зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад ва ин забони ширину шево ҳастии миллати бостонии тоҷик аст.

Шумо, ки дар фазои ваҳдату субот ва рушди кишвари озодамон камол ёфта истодаед, уҳдадоред, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намуда, бо кору амали созандаи худ онро боз ҳам ободу пешрафта гардонед.

Ҳар як наврасу ҷавон бояд амиқан дарк намояд, ки Тоҷикистон Ватани ӯ, хонаи муқаддаси ӯст ва ободии он аз заҳмат, садоқат ва масъулияти ӯ вобаста мебошад.

Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи миллати ориёинажоди тоҷикро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору фаъолияти ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.

Бигзор, ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша пешсафи илму маърифат, ҳомии сулҳу субот ва созандаи имрӯзу фардои дурахшони Ватани азизамон бошанд!

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, фарзандони азиз!

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #РӯзиҶавонон #ДеньМолодежи

Photos from МД "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ  оид ба намудҳои варзиши обӣ"'s post 15/05/2026

ҚАДРДОНИИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСА БО СИПОСНОМА АЗ ТАРАФИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР Н. СИНО
З. ҲАБИБЗОДА

09/05/2026

ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ ҲАСТАНД ВА ҲАР МИЛЛАТ ДАР ҲАР ДАВРУ ЗАМОН АЗ ҶАВОНОНИ ХУД УМЕДИ ОЯНДАИ НЕК МЕКУНАНД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Тибқи қонунгузорӣ дар бораи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муайян шудааст ва ҳамасола дар мамлакат ин рӯз бо муаррифию қадрдонии дастовардҳои ҷавонон таҷлил мегардад.
Ҷавонони Тоҷикистон номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш буда, давлату Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ин қишри созандаву ободгари ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешад.Ҳамин аст, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас арзёбӣ менамоянд. Махсусан, ҷалби насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷӯҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёву шинохти арзишҳои миллию давлатӣ сарчашма мегирад.Ёдовар бояд шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне, насли ояндасози миллат ва давлат ишора намуда, таъкид карданд, ки: «Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.
Нуров Шерали Директори МД "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ"

Photos from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon's post 09/05/2026
Photos from МД "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ  оид ба намудҳои варзиши обӣ"'s post 09/05/2026

Иштироки варзишгарони муассиса дар Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Қазоқистон KAZAKHSTAN NATIONAL, SWIMMING CHAMPIONSHIP, ки аз санаи 5 май то санаи 10 май баргузор гардид фаъолона иштирок намуданд.

Photos from МД "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ  оид ба намудҳои варзиши обӣ"'s post 25/04/2026

«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД»

Санаи 25 апрели соли 2026 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти он миёни аҳолӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи пагоҳирӯзии солимгардонӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад!» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар ҳудуди Боғи Куруши Кабир бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш,инчунин бо ҷалби васеи ҷавонон, варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиши шаҳри Душанбе доир шуд.

Зимни баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ таъкид гардид, ки варзиш яке аз омилҳои муҳими таҳкими саломатии ҷомеа, боло бурдани рӯҳияи миллӣ ва тарбияи насли солиму ватандӯст ба ҳисоб меравад. Иқдоми мазкур ба рушди фарҳанги солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти фаъол ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонон мусоидат менамояд.

Photos from Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 22/04/2026
Want your business to be the top-listed Gym/sports Facility in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Telephone

Website

Address


кӯчаи варзишгарон 7
Dushanbe