06/06/2023
У меня уже 100 подписчиков! Спасибо, что постоянно поддерживаете меня. Без вас мне бы не удалось этого достичь. 🙏🤗🎉
реклма
06/06/2023
У меня уже 100 подписчиков! Спасибо, что постоянно поддерживаете меня. Без вас мне бы не удалось этого достичь. 🙏🤗🎉
12/03/2021
09/03/2021
05/03/2021
Бахшида ба бародарам Асанёрбеков Муҳаббат
Бо сад уммеду орзу,
Рафтӣ аз ин дунёи дун.
Эй навҷавон, аз марги ту,
Ҷону дили мо гашта хун.
Айни ҷавонӣ, сад дареғ,
Аз умр гаштӣ бенасиб.
Дунё чӣ сон ғайрат намуд,
Бар қасди ҷони ин ғариб.
Нодида айёми хушӣ,
Сармаст гаштӣ аз аҷал.
Коре намеояд зи мо,
Ин монда расме аз азал.
Афсӯс мехӯрам аз он,
Ки дур будӣ, дар сафар.
Аз марги ту пиру ҷавон,
Гашта ҳама хуни ҷигар.
Модар надорад боваре,
Бар марги ноҳангоми ту.
Бо ашкҳои шашқатор,
Ҷӯяд туро аз чор су.
Аз марги ту нолад замин,
Аз марги ту нолад замон.
Аз марги ту нолад баҳор,
Аз марги ту нолад хазон.
Акнун, ки рафтӣ аз ҷаҳон,
Арвоҳи покат шод бод!
Он хонаи уқбои ту,
Обод бод, обод бод!
Эй ҷон, Муҳаббат, марги ту,
Дилҳои моро пора кард!
Ҷойи ту бошад дар Биҳишт,
Икром Худоро зора кард!
Икром Ошиқи Вахонӣ
Хуҷанд
04 03 2021
23:23
14/02/2021
?👍👍👍???
11/02/2021
24/01/2021