Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд

Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд

Share

Мураббиёни намудхои футбол, волейбол ,турпоррони, гимнастикаи варзиши ба кор даъват карда мешаванд.

Photos from Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд's post 20/07/2026

ХУҶАНДИ БОСТОНӢ РӮЗИ ФАРҲАНГИИ ХУДРО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР НАМУД!

Имрӯз, 19-уми июли соли 2026, бахшида ба 35- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, бо мақсади муаррифии таъриху фарҳанг, расму оинҳои миллӣ ва дастовардҳои кишвари, иҷтимоию иқтисодӣ ва варзишии шаҳри Хуҷанд, Рӯзи фарҳангии ин шаҳрии таърихӣ, бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса баргузор гардид.

Меҳмонон ва сокинони пойтахт аз намоиши дастовардҳои шаҳри Хуҷанд дидан намуда, бо маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намунаи ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва фарҳангии ин шаҳри таърихӣ аз наздик шинос шуданд. Ба меҳмонон оид ба имконоти сайёҳӣ ва рушду пешрафти шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҳамчунин иштирокдорон иброз намуданд, ки баргузории рӯзҳои фарҳангӣ омили таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории фарҳангӣ байни минтақаҳои мамлакат мебошад.
Ҳунармандони шаҳри Хуҷанд бо барномаи хотирмони фарҳангӣ, пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишини ватандӯстонаю рақсҳои ҷолиб хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи варзиши шаҳри Хуҷанд, дастовардҳои варзишгарони ин шаҳр хеле назаррас буда, онҳо дар чандин мусобиқаҳои дохилӣ ва сатҳи байналмиллалӣ иштироки фаъолона намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ки ба ифтихории ғолибияташон борҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон шуда, Суруди миллӣ садо дода аст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳадаф аз баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои варзишӣ ва анъанаҳои миллии минтақаҳои кишвар, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.

Маврид ба тазаккур аст, ки ин чорабинӣ дар доираи нақшаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

(19.06.2026,ш.Душанбе, таҳияи Меҳрони Қурбон хабарнигори Радиои "Ховар" аз макони барои чорабинии фарҳангӣ)

14/07/2026

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои марҳилаи минбаъда .

Photos from Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд's post 05/07/2026
Photos from Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд's post 04/07/2026

Машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзи ва теренкур роҳгардии саломатӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад"

Photos from Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд's post 04/07/2026

МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ БО ИШТИРОКИ ВАСЕИ ҶАВОНОН ДАР «СУҒД АРЕНА» БАРГУЗОР ГАРДИД

Субҳи имрӯз дар майдони футболи «Суғд Арена» бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд машқҳои пагоҳирӯзии оммавӣ бо иштироки васеи ҷавонон, варзишгарон, кормандони соҳаи ҷавонон ва варзиш, инчунин сокинони фаъоли шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории ин иқдом таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ, рушди фарҳанги варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба машқу тамринҳои мунтазам арзёбӣ мегардад.
Дар рафти машқҳо иштирокчиён таҳти роҳбарии мутахассисони соҳаи варзиш маҷмӯи машқҳои умумии ҷисмонӣ, дави сабук ва машқҳои солимгардониро иҷро намуда, рӯҳияи баланди варзишӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ба намоиш гузоштанд.
Масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳои солимгардонӣ минбаъд низ ба таври мунтазам баргузор гардида, барои ташаккули ҷомеаи солим, тарғиби тарзи ҳаёти фаъол ва баланд бардоштани нақши варзиш дар ҳаёти ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.

Photos from Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд's post 02/07/2026

Суратгузориш аз баргузории Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баскетбол байни дастаҳои бонувон бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ .

Photos from Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд's post 27/06/2026

Шанбегӣ ва корҳои ободонӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдат.

Photos from Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд's post 23/06/2026

Баргузории мусобиқаи варзишии волейбол аз рӯи усули маҳал ба маҳал дар шаҳри Хуҷанд.
Дар доира нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии волейбол аз рӯи усули маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон ва сокинони маҳаллаҳои Чорчароғ ва Мевағул баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 18 нафар сокинон,аз ҷумла ҷавонон ҷалб гардида ,54 нафар сокинони маҳаллӣ дастаҳои худро мухлиси намуданд.
Дар фарҷом натиҷаи бозӣ 3:2 ба фоидаи дастаи маҳаллаи Мевағул анҷом ефт.

Photos from Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд's post 23/06/2026

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ШОҲМОТ ВА ШАШКА БАЙНИ КОРМАНДИ ТАШКИЛОТУ ИДОРАҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии шоҳмот ва шашка байни кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 16 нафар кормандону масъулини сохторҳои номбурда ҷалб гардида, 26 нафар кормандону сокинони маҳаллӣ ҷараёни баргузории мусобиқаро мухлисӣ намуданд.

Ҳамзамон, нафарони ғолиб имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.

Photos from Муассисаи давлатии ..Мактаби варзиши 2" - и шахри Хучанд's post 23/06/2026

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ГЎШТИНИ МИЛЛИ АЗ РЎИ УСУЛИ МАҲАЛ БА МАҲАЛ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд мусобиқаи варзишии гўштини миллӣ аз рӯи усули маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон ва сокинони маҳаллаҳои 1 Май ва Дӯстии халқҳо баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 28 нафар сокинон, аз ҷумла ҷавонон ҷалб гардида, 24нафар сокинони маҳаллӣ дастаҳои худро мухлисӣ намуданд.

Ҳамзамон, нафарони ғолиб имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.

Want your business to be the top-listed Gym/sports Facility in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Website

Address


12 мкр
Khujand