Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд

Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд, Sports, Khujand.

Photos from Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд 's post 22/07/2026

#ХУҶАНД ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД БО ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МУДОФИА

Дар доираи баргузори машқҳои муштараки амалиётӣ - стратегӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва сохторҳои қудратӣ дар вилояти Суғд ва тибқи нақша - чорабиниҳои Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади санҷиши мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии сафарбарӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкилу гузаронида шуд.

Чорабинии муҳими давлатӣ бо иштироки васеи сокинон ва сохторҳои давлативу қудратии шаҳр дар варзишгоҳи “20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо омодагии ҳамаҷониба ва рӯҳияи ифтихору сарбаландӣ аз давлати соҳибистиқлоламон ва шукргузорӣ аз 35 соли ноил гардидан ба дастовардҳои аразанда таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузор гардид.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ ва ҳайати гурӯҳи корӣ аз сохторҳои дахлдор дар макони баргузории ин чорабинии муҳими ҳарбӣ - сиёсӣ бо иштирокчиёни он аз наздик сӯҳбат намуда, сатҳи омодагии шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта ва техникаву воситаҳои мавҷудаи хоҷагии халқро мавриди санҷишу омӯзиш қарор доданд. Маврид ба зикри хос аст, ки қувва ва захираҳои эҳтиётии Артиши миллӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар масъулияти бузургу муқаддас ва вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ доранд. Онҳо вазифадоранд, ки дар баробари хизматчиёни ҳарбӣ бо масъулияти баланди фарзандӣ дар назди давлату миллат ҳамеша барои ҳимоя аз якпорчагии Тоҷикистони азиз ва ҳифзи марзу буми он омода бошанд.

Ин нукта дар баромади роҳбарияти Вазорати мудофиа ва масъулини шаҳри Хуҷанд низ махсус таъкид гардид. Қайд карда шуд, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва ин ҳама ободиву шукуфоиҳои нав ба нав аз ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯсти асил тақозо менамояд, ки онро чун муқаддасоти миллӣ гиромӣ доранд ва муҳофизаташро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ донанд.

Барои пуштибонӣ аз сиёсати мудофиавии Роҳбарияти Олии кишвар, нишон додани масъулияти баланд дар ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ва тарбияи ҷавонони содиқу ватандӯст чанде аз иштирокчиён ва волидайни сарбозон аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Photos from Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд 's post 19/07/2026

Суратгузориш аз рафти рӯззои фарҳангии шаҳри Хуҷанд дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе 19.07.2026 сол.

18/07/2026

МО БОЯД ДАР ҲАМА ҲОЛАТ САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ....

Photos from Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд 's post 10/07/2026

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛА: ДАР СУҒД БАРОИ ТАҚВИЯТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ВАЗИФАҲОИ МУШАХХАС МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр, масъулини Раёсат, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо, директорон, муовинон ва методистони мактабҳои варзишии вилоят иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа се масъалаи рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи масъалаи якум мудири бахши ватандӯстии Раёсат Фирдавс Фахриддинзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсат ва сохторҳои маҳаллии он дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, дар музокираҳо мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод Заррина Зулфиқорзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич Мирсабур Абдуллоев, ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баромад намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолият, таҷрибаи корӣ ва масъалаҳои мавҷуда ибрози назар карданд.
Дар идомаи ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода суханронӣ намуда, ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, баланд бардоштани масъулияти сохторҳои маҳаллӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ба масъулин тавсияҳои мушаххас дод.
Сипас, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр зимни суханронии ҷамъбастӣ вазифаҳои афзалиятнокро барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян намуда, таъкид кард, ки тамоми сохторҳои соҳавӣ бояд фаъолияти худро дар самтҳои ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, рушди тарзи ҳаёти солим, густариши варзиши оммавӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ҷоннок намоянд.
Ҳамчунин, ба масъулин дастур дода шуд, ки фаъолияти маҳфилҳои «Пайравони Пешвои миллат» ва дигар маҳфилҳои ҷавононро тақвият бахшида, корҳои ободониву созандагиро мунтазам роҳандозӣ намоянд, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоиро таъмин намуда, инъикоси саривақтӣ ва босифати фаъолияти соҳаро густариш диҳанд.
Дар бахши варзиш масъалаҳои баланд бардоштани сифати баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, иҷрои пурраи Тақвими ягонаи чорабиниҳо, рушди варзиши оммавӣ, фаъолияти муассисаҳои варзишӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, барои иҷрои босифати онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Раёсат ба ҳамаи сохторҳои маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва саҳмгузорӣ дар рушди сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар вилояти Суғд вазифагузорӣ карда шуд.

Photos from Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд 's post 04/07/2026

#ХУҶАНД: МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ ТАҲТИ УНВОНИ МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ, РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ

Субҳи имрӯз дар майдони футболи «Суғд Арена» бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд машқҳои пагоҳирӯзии оммавӣ бо иштироки васеи ҷавонон, варзишгарон, кормандони соҳаи ҷавонон ва варзиш, инчунин сокинони фаъоли шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории ин иқдом таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ, рушди фарҳанги варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба машқу тамринҳои мунтазам арзёбӣ мегардад.
Дар рафти машқҳо иштирокчиён таҳти роҳбарии мутахассисони соҳаи варзиш маҷмӯи машқҳои умумии ҷисмонӣ, дави сабук ва машқҳои солимгардониро иҷро намуда, рӯҳияи баланди варзишӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ба намоиш гузоштанд.
Масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳои солимгардонӣ минбаъд низ ба таври мунтазам баргузор гардида, барои ташаккули ҷомеаи солим, тарғиби тарзи ҳаёти фаъол ва баланд бардоштани нақши варзиш дар ҳаёти ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.

Photos from Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд 's post 02/07/2026

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор ба ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 июли соли 2026 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд барои натичагирӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд - Абдувосит Ғафуров, масъулини Бахш, директорони мактабҳои варзиши, ҷонишини директорон, методистон, мураббиёну кормандони мактабҳои варзишӣ, мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳхои олӣ, коллеҷҳо, гирандагони стипендияи Президенти, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рӯи масъалаи якум оид ба пешниҳоди ҳисоботи фаъолият барои нимсолаи 2026 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо назардошти муваффақият, мушкилот ҳолат ва дурнамо ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба дастовардхо ва мушкилоти соҳа ибрози андеша карда шуд.
Гуфта шуд, ки шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ 68,9 ҳазор нафар буда, аз ин 34,1 ҳазор нафар духтарон ва 34,8 ҳазор нафарро писарон ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносии ҷавонон, зиракии сиёсии онҳо, ташаккули фарҳангдӯстии ҷавонон озмуну аксия ва ҳамоишҳо таҳти унвони "Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум мекунем!", "Тарзи ҳаёти солим интихоби мо ҷавонон!", "Танзим баракати зиндагӣ!", "Барои Ватани маҳбубамон хизмат мекунем!", "Ба Пешвои худ содиқ мемонем!", "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!". "Либос-нишон аз фарҳанги миллӣ", "Саҳми ҷавонон дар пешрафти давлати соҳибистиқлол", "Ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа" "Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мо ҷавонон аст", "Касби ман-ифтихори ман", "Ҳунарманди беҳтарин", "Тарроҳи беҳтарин”, “Машшотаи беҳтарин”, “Ошпаз-қанноди беҳтарин” бо иштироки васеи ҷавонони шаҳр ташкил ва баргузор карда шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, амалҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ беш аз 60 мулоқоту вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Яке аз сабабҳои ҷиноятсодиркуни ин дарки нодурусти озодӣ, демократия мебошад, ки баъзе гурӯҳҳои ҷомеа, алалхусус баъзе ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ва лаззатҳои моддӣ ба амалҳои ношоиста, ба ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.
Бахри беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон мулоқот бо толибилмон таҳти унвони "Хизмат ба Ватан шараф аст!" дар толори Гимназияи Гёте, мулоқот бо сарбозону афсарони Госпитали ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот бо ҷавонони синни тодаъватӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Инчунин рӯзи дарҳои кушод ва вохӯрии ҷавонони синни тодаъватии ҳарбӣ бо сарбозону афсарон, аёдат ва қадршиносии онхо бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ дар қисмҳои низомии худуди шахр баргузор гардида, ҷавонони синнитодаъватӣ аз ҳаёт ва фаъолияти сарбозон, шароити қисмҳои низомӣ аз наздик огаҳи пайдо намуданд.
Ҳамзамон мусобиқаҳои ҳарбӣ варзишии «Ҳомии Ватан», «Тирпарронӣ», «Шоҳмот» ва спартакиадаҳо байни чавонони синни тодаъватии ҳарбӣ, афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии кисмхои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуданд.
Ҳамчунин дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Точикистон Шӯрои кор бо ҷавонони шаҳр бо иштироки Раиси шахри Хучанд мухтарам Шарифзода Фирдавс баргузор карда шуда, 10 нафар чавонони фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ва 150 нафар донишҷӯёну хонандагон ва варзишгарони фаъол бо стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Дар худуди шаҳр новобаста аз шакли моликият беш аз 400 иншоотҳои варзишӣ аз ҷумла варзишгоҳҳо бо теъдоди зиёда аз 5000 ҷои нишаст 1 адад, варзишгоҳҳо бо теъдоди то 5000 чои нишаст 6 адад, майдончаҳои оддии варзишӣ ва бозии кӯдакона 187 адад, иншооти махсуси варзишӣ 39 адад, тир 2 адад, боулинг 4 адад, марказҳои фитнес 20 адад, билярд 6 адад, базаи қаиқронӣ 2 адад, яхи сунъӣ 1 адад, дучархаронӣ 1 адад, толори варзишӣ 84 адад ва ҳавзҳои шиноварӣ 4 адад амал мекунанд.
Дар шаҳри Хуҷанд 4 муассисаҳои варзишии вилоятӣ ва 6 муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишӣ аз чумла мактабҳои варзишии №1, №2, №3, №4, мактаби махсуси намудҳои гӯштин, мактаби варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгоҳи "Спартак" фаъолият намуда ҷиҳати оммавӣ намудани варзиш ва тайёр намудани варзишгарони касбӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар 6 муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳр 123 нафар мураббиён аз рӯи 28 намуди варзиш дар 285 гурӯҳ машғулиятҳои варзиширо мегузаронанд. Аз рӯи маълумотнокӣ аз 123 нафар мураббиён 51 нафарашон соҳиби маълумоти олӣ ва 72 нафар маълумоти миёнаи тахассусӣ доранд. Аз шумораи умумии кормандони соҳаи варзиш 24 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад. Шумораи машқварзон дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар соли 2024 ба 6000 нафар расид, ки аз ин шумора наздик 1000 нафарашон духтарон мебошанд. Мураббиён дар муассисаҳои варзишӣ аз рӯи 3 намуди миллии варзишӣ, 8 намуди ғайриолимпӣ ва 17 намуди олимпӣ машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд.
Дар давраи ҳисоботӣ мусобиқа ва чемпионатҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, теннис, каратэ, таэквандо, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, дзюдо, гӯштини юнонӣ- румӣ, гӯштини миллӣ, самбо, бокс, бадминтон, чавгонбозӣ, шиноварӣ, шоҳмот, ушу, каратэ-до, тенниси рӯи миз, теннис, шиноварӣ, бокс ва монанди инҳо ташкил ва баргузор гардиданд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 25 ҳазор нафар сокинон ва ҷавонону вазишгарони шаҳр иштирок намуданд. Дави миллӣ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии "20-солагии Истиклолияти Точикистон" оғоз ёфта ба воситаи хиёбони Раҳим Ҷалил, пули "Ҷашнӣ" то назди Нишони давлатии Ҷумхурии Точикистон воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт.
Бахшида ба ба эълон гардидани «Рӯзи ҷаҳони футбол» санаи 25 майи соли 2026 Фестивали варзишӣ таҳти унвони "Футбол ба назди ту меояд" дар Варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти Точикистон ва Маҷмааи варзишии Суғд арена баргузор шуд. Дар фестивал зиёда аз 20 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун, ҷавонону варзишгарон иштирок намуданд. Дар доираи февтивал барои 500 нафар наврасон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ бо усули маҳал ба маҳал ва байни кормандони ташкилоту идораҳо аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, гӯштини миллӣ, шашка ва шоҳмот тибки чадвали тасдиқ гардида, ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар охир нашқаи корӣ ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2026 ба масъулин расонида шуд.

Photos from Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд 's post 02/07/2026

Ҷаласаи Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шашмоҳаи якуми соли 2026 доир гардид.

Санаи 1 июли соли 2026 ҷаласаи Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо иштироки масъулини соҳа баргузор гардид.
Ҷаласаи навбатӣ ба ҳисоботи шашмоҳаи соҳа гузаронида шуда, дар он қайд гардид, ки варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина солим гардонидани ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти татбиқи рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис гардида, фаъолияти худро дар самти такмилу оммавигардонӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба роҳ монд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи кории Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, татбиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 16 августи соли 2022, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2022 - 2026» рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҷалби васеи омма ба намудҳои мухталифи варзиш ва бахшида ба санаҳои таърихӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 зиёда аз 60 чорабиниҳои варзишӣ аз қабили мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ ва монанди инҳо бо ҷалби беш аз 48 ҳазор нафар варзишгарону мухлисон ва ҷавонону наврасон доир гардиданд.
Дар фарҷом нақшаи чорабиниҳои Шуро барои фаъолияти нимсолаи дуюми соли 2026 тасдиқ карда шуд.

Photos from Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд 's post 28/06/2026

#ХУҶАНД: ҲАМОИШИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОН БАХШИДА БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СММ ВА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз 27-уми июни соли 2026 дар толори Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ ҳамоиши ҷавонону варзишгарон бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, инчунин ба истиқболи 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози ҳамоиш мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров суханронӣ намуда, қабули қатъномаи мазкурро дастоварди муҳими дипломатияи Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда мақому нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшида, ҷавононро ба дӯстдории Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамун месозанд.

Сипас, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, маҳз дар фазои орому осуда ҷавонон имкони таҳсил, худшиносӣ, рушди қобилият ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаро пайдо намудаанд. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки қабули қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон боз як далели эътирофи нақши созандаи кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ буда, барои насли ҷавон мояи ифтихор ва масъулияти бештар дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар идома мураббии ҷавонон ва варзишгарон доир ба таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи ҷавонон ва варзиш, муҳайё намудани шароити мусоид барои машқу тамрини варзишгарон, иштироки муваффақонаи онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва баланд гардидани обрӯи варзиши тоҷик дар ҷаҳон суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки маҳз дар шароити сулҳу суботи комил варзишгарон имконият пайдо мекунанд, то бо дастовардҳои арзандаи худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ парафшон созанд.

Чорабинӣ дар фазои ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти тарбияи ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, таҳкими сулҳ ва рушди тарзи ҳаёти солим таъкид намуд.

24/06/2026
Photos from Мактаби варзишии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд 's post 23/06/2026

#ХУҶАНД: Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд

Дар доираи тадбирҳои ободониву фароҳамсозии шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон дар соҳили чапи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуда, ба фаъолияти шиногоҳ расман оғоз бахшиданд.

Тибқи иттилои масъулон шиногоҳи нав дар паҳлуи Боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бунёд гардида, бо инфрасохтори зарурӣ таъмин шудааст. Дар ин мавзеъ соябонҳои истироҳатӣ ва офтобгирӣ, ҳуҷраҳои ивази либос, ҷойҳои нишаст, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар шароити зарурӣ барои қабули истироҳаткунандагон муҳайё гардидааст. Ҳамзамон барои машқу тамрин ва фароғати шаҳрвандон майдончаҳои махсус омода шудаанд.

Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои муосири истироҳат ва таъмини шароити арзандаи фароғати аҳолӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки минбаъд низ чунин мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд гардида, барои кӯдакон ҳавзҳои сунъии махсус низ сохта хоҳанд шуд.

Гуфта шуд, ки шиногоҳ бо риояи талаботи муосири хизматрасонӣ ташкил гардида, метавонад ҳам ба сокинони кишвар ва ҳам ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ хизмат расонад.

Бо дарназардошти оғози мавсими оббозӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, инчунин дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ, ташкили навбатдории доимии наҷотдиҳандагон ва риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд зикр намуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани шиногоҳи нав барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳати сокинон, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд заминаи мусоид фароҳам меорад.

Want your business to be the top-listed Gym/sports Facility in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Website

Address


Khujand