Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон

Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон, Sports Club, Kurgan-Tyube.

Photos from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон's post 08/12/2024

Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон мусобиқаи кушодро оид ба гуштини дзюдо байни наврасону ҷавонон ҷиҳати ҷалб намудани насли наврас ба варзиш ва пайдо намудани чеҳраҳои нав доир намуд.
Дар мусобиқаи мазкур намояндагон аз Кумитаи Кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида оид ба моҳияти чорабинӣ суханрони намуданд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

Photos from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон's post 23/11/2024

Муассисаи давлатии мактаби варзишии 1 вилояти Хатлон доираи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мусобиқаи кушодро оид ба гимнастикаи бедеӣ байни наврасону ҷавонон доир намуд.
Барои ҳавасманди ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин риштаи варзиш аз ташкилкунандагон ба ғолибон ва ҷоизадорон медал, диплом ва туҳфаҳо супорида шуд.

Photos from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон's post 22/11/2024

Муассисаи давлатии мактаби варзишии 1 вилояти Хатлон доираи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мусобиқаи кушодро оид ба варзиши сабук байни наврасону ҷавонон доир намуд.
Барои ҳавасманди ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин риштаи варзиш аз ташкилкунандагон ба ғолибон ва ҷоизадорон медал, диплом ва туҳфаҳо супорида шуд.

Photos from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон's post 15/11/2024

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАЙНИ БОНУВОН БАРГУЗОР ГАРДИД!
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар мусобиқаи кушоди муассисаи давлатии мактаби варзишии рақами 1-и вилояти Хатлон оид ба футбол байни бонувон баргузор гардид. Бояд қайд кадр, ки мусобиқа давоми 2 рӯз давом карда, дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар фаъолона иштирок намудан. Дар ҷамъбаст фаъолон ва дастаҳои ғолиб бо диплом, ҷом ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи тадорукоти чорабинӣ қадрдонӣ гардиданд.

Photos from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон's post 05/11/2024

Дар доираи нақша чарабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон барои дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани Рӯзи конситутсия муассисаи давлатии мактаби варзишии 1 вилояти Хатлон мусобиқаи кушодро оид ба бокс байни наврасону ҷавонон баргузор намуд.
Ба ғолибони мусобиқа диплом ва медал супорида шуд.

Photos from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон's post 30/09/2024

Муассисаи давлатии Мактаби варзишии №1-и вилояти Хатлон дар доираи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мусобиқаи кушоди муассисавиро оид ба гуштини тарзи озод байни наврасону ҷавонон доир намуд.
Дар мусобиқаи маскур варзишгарон аз муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Аз тарафи муасисса ба ғолибон диплом, медал ва туҳфаҳо супорида шуд.

Photos from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон's post 21/09/2024

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТӢ!
21,09,2024
Иштироки мураббиён ва варзишгарони Муассисаи давлатии мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон дар машқи пагоҳирӯзи ва теренкур (пиёдагардӣ)

Photos from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон's post 20/09/2024

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАЙНИ ДУХТАРОН БАРГУЗОР ГАРДИД.
Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон барои ҳарчи бештар ҷалба намудани бонувон ба варзиш ва тарғиби ташакули тарзи ҳаёти солим мусобиқаи кушоди муассисавиро оид ба футбол байни дастаҳои духтаронаи колеҷҳои тиббии шаҳри Бохтар доир намуд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва директори муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилоят иштирок ва суханрони намуданд.
Ба ғолибони мусобиқа медал, диплом ва туҳфаҳо супорида шуд.

Photos from Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон's post 16/09/2024

Дар доираи нақша чорабиниҳои муассисаи давлатии мактаби варзишии 1-и вилояти Хатлон мусобиқаи кушод оид ба шоҳмот байни наврасону ҷавонон дар бинои муассиса баргузор гардид.
Ба ғолибони мусобиқа медал, диплом ва туҳфаҳо супорида шуд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ

07/09/2024

ИСТИҚЛОЛИЯТАТ ПОЯНДА БОД ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!
Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда, орзуву армон, сармояи инсонӣ, худшиносии миллӣ, наҷоти миллат, нумӯи даврон аст, ки он бо пойдевори мустаҳками якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ бунёд мешавад.
Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳё сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд. Воқеан дар баробари дигар муқаддасот Истиқлолият низ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Имсол Истиқлолияти кишвари мо 33- сола гардид, ки чун ҷавони матину устувор сӯйи фардои дурахшон равон асту моро ҳам бо худ бурда истодааст. Ин неъмати бузург бо пайки хешу нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст. Моро лозим аст, то пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем. Ҷавонон, ки қишри ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд, дар замони соҳибистиқлолӣ ҳама чун як тану як ҷон пайи илму донишанду имрӯзҳо ҳар яке дар самти хеш муваффақанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолият баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардид. Ин аст, ки ҷавонон имрӯз ҷиҳати аз бар намудани илму донишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил намуда, бархеи дигар дар муассисаву донишкадаҳои бонуфузи кишварҳои хориҷ таҳсили илм менамоянд. Ҷавонони мо имрӯз дарк намуданд, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои наку, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар маҳз танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад.
Истиқлолияти Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ аст ва ояндаи дурахшони миллат аз ин ганҷина вобастагии калон дорад. Замоне буд, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Бо амри таърих 30- сол мешавад, ки Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф менамоянд. Ин саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бо оби тилло сабт мегарданд. Имрӯз кишвари мо роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, таваҷҷуҳ менамояд. Бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, имрӯз кишвари моро чун шарики стратегӣ мешиносанду ҳамкорӣ менамоянд. Аз ин рӯ, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки баҳри боз ҳам рушд ёфтани кишвари азизамон ва боло рафтани мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ саъю талош намоем. Барои амалигардонии ин моро лозим аст, ки дар соҳаи хеш фаъолиятамонро самаранок ба роҳ монем.
Дар ҳақиқат. Имрӯз дар фазои Истиқлолият ва сулҳу субот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегӯянду мусаввирон расми муҳаббат ва садоқат тасвир менамоянд ва ҳунармандон суруди сулҳу ваҳдат месароянд. Пас ҳамин аст, Истиқлолият ва озодӣ. Дар ҳақиқат Истиқлолият орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад. Пас, мо аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоем таҳкимбахши Истиқлолият ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.

Директори муассисаи давлатии мактаби варзишии вилояти Хатлон

Нуруллозода Сорбон.

Want your business to be the top-listed Gym/sports Facility in Kurgan-Tyube?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Website

Address


Kurgan-Tyube
№2